Аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба оғози мурофиаи барҳамдиҳии ҶСП “БСТ ТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶСК “Фононбонк” ва таъини мудири махсус дар онҳо ҳалнома қабул карда шуд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), мудири махсуси аз ҷониби суд таъиншуда тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо мақсади қонеъ кардани талаботи амонатгузорону қарздеҳон аз ҳисоби дороиҳо ва ҳамаи молу мулки ин бонкҳо, аз ҷумла баргардонидани қарзҳо ва гаравҳои онҳо фаъолияти худро ба роҳ мемонад.
Гуфта мешавад, талаботи ҳар як пасандоздорони шахсони воқеӣ то 17 ҳазору 500 сомонӣ бе монеа аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, маблағҳои боқимондаи пасандоздорон аз ҳисоби дороиҳо ва моликияти бонкҳои номбурда пардохт карда мешавад.
Дар Бонки миллӣ итминон медиҳанд, ки ин бонкҳо ба таври кофӣ дороиҳо дошта, қодиранд, ки ҳамаи қарзҳояшонро баргардонанд.
Мутобиқи қонунгузорӣ, ҷараёни муфлисшавии ташкилоти қарзӣ метавонад давоми ду сол идома ёбад. Дар ҳолати зарурат, ин муҳлат метавонад аз ҷониби суд боз ба ду соли дигар дароз карда шавад.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори Раёсати БМТ аз 24 феврал иҷозатномаҳои анҷоми фаъолияти бонкии «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонда шуда, худи ҳамин рӯз аз суд бо ариза дар бораи маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо муроҷиат шуд.
Моҳи майи соли гузашта бинобар сабаби мушкилоти молӣ дар «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ шуда, нимаи моҳи декабри идоракунии бонкҳо ба роҳбарони пешинаашон баргардонида шуд.
Ҳукумат эълон карда буд, ки ба «Тоҷпромбонк» дар ҳаҷми 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» - 70 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок медиҳад. Пешбинӣ шуда буд, ки дар сурати зарурат бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро ба Бонки миллӣ фурӯхта метавонанд.
Аммо баъдтар маълум шуд, ки бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро нагирифтаанд. Ҳукумат дар навбати аввал бонкҳои нисбатан бузургтари дучори мушкилот - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро бо коғазҳои қиматнок таъмин кардааст.
Тибқи рӯйхати амволи ғайриманқул ва дигар дороиҳои бонкҳои дучори мушкилоти Тоҷикистон, дар номгӯи дороиҳои «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз қабили бинои Сарбонк, 22 бинои филиалҳо ва марказҳои хизматгузории бонкӣ зикр шудааст. Ин бонк ҳамчунин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дорои манзилҳои сершумор ва дигар иншоот аст.
Ба рӯйхати дороиҳои «Фононбонк» 37 иншоот - бинои Сарбонк, чор бинои филиалҳои бонк, хонаҳову ҳавлӣ, дигар манзилҳои зист ва ғайра дохил шудааст.