Аз октябри соли равон арзиши истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон боло меравад. Дар ин бора қарори дахлдори ҳукуматро Эмомалӣ Раҳмон санаи 29 август ба имзо расонид.

Дар ин санад қарор шудааст, ки ба ҷуз КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО), тарифҳо ба тамоми дараҷаҳои истеъмолгарон тасдиқ карда шавад.

Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки тарифҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ 15% - аз 14,65 дирами ҳозира то ба 16,85 дирам барои 1 киловатт/соат бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда зиёд карда шавад.

Тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ - 40,99 дирам, истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ - 16,85 дирам, пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ - 5,86 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 16,85 дирам (аз 1 октябр то 31 март) ва барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 5,8 дирамро ташкил медиҳад.

Тарифҳо барои истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ - 101,54 дирам барои 1 киловатт (барои соҳаи ғайрибуҷетӣ) ва 30,15 дирам (барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ) муқаррар шудааст.

Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ ва ШСХК «Барқи тоҷик» дастур дода шудааст, ки бар асоси ин қарор ба нархнома аз 1 октябри соли 2016 тағийроти дахлдор ворид намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар ШСХК «Барқи тоҷик» маълумоти болоравии арзиши истифодаи барқро тасдиқ ҳам намекунанду инкор низ.

Моҳи феврали соли равон ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки барои баъзе дараҷаҳои истеъмолгарон арзиши истифодаи барқро боло барад. Ин болоравӣ он замон ба аҳолӣ дахл накард.

Тарифҳои истифодаи барқ барои истеъмолгари асосии нерӯи барқ - КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» бетағйир боқӣ мемонанд: аз 1 май то 30 сентябр - 7,20 дирам барои 1 киловатт/соат ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) - 11,80 дирам.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.