Дар муқоиса бо 9 моҳи соли 2016 ҳаҷми бақияи қарзҳо дар семоҳаи аввали соли равон 13 фоиз кам шуданд. Ҳаҷми қарзҳо ба охири моҳи сентябр 9,2 млрд. сомониро ташкил медиҳад.
Дар Дурнамои сиёсати пуливу қарзӣ қайд мешавад, ки бақияи қарзҳо бо асъори миллӣ - 8,3 фоиз ва асъори хориҷӣ - 15 фоиз коҳиш ёфтаааст. Ҳаҷми амонатҳо 9,4 фоиз поин рафта, ба 8,8 млрд. сомонӣ баробар шудааст.
Дар низоми бонкии Тоҷикистон айни замон 17 бонк, 7 ташкилоти қарзии хурд, 33 ташкилоти амонатии хурд ва 34 фондҳои қарзии хурд амал мекунанд.
Ду бонк - «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» муфлис шуда, феълан ҷараёни барҳамдиҳии онҳо мавриди амал қарор дорад.
Боз ду бонки низомсоз - «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» дар ҳудуди муфлисшавӣ қарор доштанд, аммо ҳукумат воситаҳои пулӣ ҷудо карда, онҳоро наҷот дод.