Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба дубора боз шудани Маркази хизматгузории муштариён дар дафтари асосии кории ширкати «Вавилон» («Вавилон-М» ва «Вавилон-Т») иҷоза дод.
Дар худи ширкат ва ҳамчунин Хадамоти алоқа аз шарҳи ҷузъиёти ин қарор худдорӣ варзиданд. Аммо тавре муштариёни ширкат, ки аз NGN истифода мебаранд, ба «Азия-Плюс» хабар доданд, акнун дастрасӣ ба ин хизматгузории мазкури IP-ҳои хориҷӣ қатъ шудааст.
Дафтари кории ширкатро Хадамоти алоқа санаи 15 декабр муҳр зада, он замон аз ширкат ба «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки сабабаш аз ҷониби ширкат саривакт қатъ накардани NGN ба IP-суроғаҳои хориҷӣ мебошад.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи ноябр Хадамоти алоқа аз операторони мобилӣ ва интернет-провайдерҳо талаб кард, ки шабакаи NGN-ро дар трафики байнулмилалӣ қатъ кунанд. Сабабаш зарурат ба таъмини амнияти кишвар унвон шуд. Ба операторон санади расмии бо кадом асос амалӣ шудани ин кор ва аз ҷониби маҳз кӣ қабул шудани қарори мазкур пешниҳод нашуд.
Ширкати «Истера» дар сомонаи худ огоҳӣ мунташир кард: Дар робита ба талаботи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, дастрасӣ ба хизматгузориҳои алоқаи телефонӣ тариқи технологияи SIP аз IP-суроғаҳои хориҷӣ муваққатан қатъ карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки шумори муштариёни алоқаи NGN дар Тоҷикистон наздики миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аксарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Ширкатҳои Babilon-T, Tcell (Чи гап), Beeline (Salom), Estera ва Intercom дорои рақамҳои NGN мебошанд.