Ба фурӯши телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон танҳо ширкат ва шахсоне, ки сертификати мутобиқати Хадамоти алоқаро гирифтаанд, машғул шуда метавонанд, хабар дод зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода.
«Дар баробари Агентии «Тоҷикстандарт», Хадамоти алоқа низ ба санҷиши сифат ва мутобиқати меъёрҳои телефонҳои мобилӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фурӯхта мешаванд, салоҳият дорад», - изҳор дошт Абдураҳмонзода.
Ба гуфтаи ӯ, Хадамоти алоқа бо пардохти маблағ сертификати мутобиқат ба меъёрҳои байнулмилалиро дар варақаҳои намунаҳои муқарраршуда медиҳад.
«Тамоми телефонҳои мобилӣ бояд мавриди санҷиш қарор гиранд. Барои фурӯши телефонҳо бидуни ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ чор нафар фурӯшандагон ҷазо гирифтанд. Ин тадбирҳо бо мақсади таъмини амният дар кишвар рӯйи даст гирифта шудааст», - гуфт муовини сардори Хадамот.
Дар ҳамин ҳол, ду сол пеш дар назди оператори миллии алоқаи «Тоҷиктелеком», ки зангҳои мобилӣ ва интернет-трафики ҳамаи операторон ва провайдерон тариқи он мегузаранд, Маркази ягонаи коммутатсионӣ (МЯТ) таъсис дода шуд. Ҳамчунин Хадамоти алоқа ба ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони алоқаи мобилӣ дастур дод, ки интернетро танҳо аз «Тоҷиктелеком» дастрас кунанд.
Ба саволи журналистон дар хусуси ба монополия шабоҳат доштани ин амал, муовини сардори Хадамот Илҳом Отаев изҳор дошт, ки ҳамаи тадбирҳои зикршуда дар доираи қонунгузорӣ ба роҳ монда шуда, пеш аз ҳама, ба таъмини амният равона шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.