Соли 2019 дар Тоҷикистон дар майдони 188,5 ҳазор гектар пунбадона кишт мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 910 гектар зиёдтар аст. Соли 2018 нақшаи ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ иҷро нашуд: ба ҷойи 187,5 ҳазор гектри пешбинишуда дар майдони 184,5 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда буд.
Барои саривақт ва пурсамар анҷом додани маъракаи кишт аз ҳисоби мутахассисон ва олимон ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст, ки ба ин маъркака роҳбарӣ кардаву машваратҳо медиҳад, хабар доданд аз Вазорати кишоварзии ҶТ.
Ба санаи 9 апрел кишти пунбадона дар майдони 113,2 ҳазор гектар ба анҷом расидааст, ки беш аз 60%-и нақшаро ташкил медиҳад. Нақшаи кишти пахта дар вилояти Хатлон – 78%, Суғд – 29,7% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 9,4% ба иҷро расидааст.
Бино ба гуфтаи кишоварзон, дар вилояти Суғд ва водии Ҳисор кишти пахта бар асари тез-тез боридани борон каме дертар сурат гирифта истодааст.
Дар саросари кишвар барои анҷоми кишти пунбадона 1 868 адад техника – трактору тухмипошакҳо сафарбар шудааст.
“Дар робита ба афзоиши талаботи бозор ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки имсол майдони кишти пахта зиёд карда шавад”, - қайд мекунанд мутахассисони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Соли 2017 дар Тоҷикистон дар майдони 174 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, кишоварзон 380 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд. Соли 2018 нишондиҳанда кам шуда, наздики 300 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварда шуд.
Қобили зикр аст, ки нахи пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2018 аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 181,6 млн. доллар қариб 93 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.