Покистон нақша дорад, ки ба созишнома дар бораи лоиҳаи CASA-1000 тағйирот ворид кунад, ки дар он интиқоли баръакси барқ аз Покистон ба Тоҷикистон дар мавсими зимистон пешбинӣ шудааст.
Покистон бо ин масъала аллакай ба Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Дар ин бора котиби иловагии Вазорати энергетикаи Покистон Васим Мухтор ба нашрияи The News International хабар додааст.
Муофиқи созишномаи баимзорасида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани лоиҳаи CASA-1000, дар мавсими тобистон (аз моҳи май то октябр) Покистон аз Тоҷикистон 1000 Мвт нерӯи барқ мехарад. Барои ҳар як киловатт нерӯи барқ Покистон 9,5 сент маблағ пардохт мекунад.
Мавсими зимистон нерӯи барқ дар Покистон зиёдатӣ мавҷуд аст ва мутобиқи пешниҳоди Покистон, содироти он ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистон бо истифода аз иншооти зерсохтори CASA-1000 ба нақша гирифта шудааст.
Васим Мухтор қайд кардааст, ки котиботи лоиҳаи CASA пешниҳоди ҷониби Покистонро ба рӯзномаи ҷаласаи минбаъда дохил кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.