Сарфи назар аз муроҷиатҳои чандинкаратаи Тоҷикистон, ин мушкилот то ҳол роҳи ҳалли худро намеёбад.
Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода дар ин робита изҳор дошт, ки “вақте бо ҳамтоёни туркмани худ ин масъаларо баррасӣ мекунанд, онҳо мегӯянд, ки сабабашро намедонанд”.
Вазир қайд кард, ки роҳҳои Туркманистон натанҳо барои автомашинаҳои боркаши тоҷик, балки ба автомашинаҳои кишварҳои дигар, ки ба Тоҷикистон бору маҳсулот меоранд, низ баста боқӣ мемонанд.
“Барои баромадан ба Ховари Миёна бидуни убури қаламрави Туркманистон мо роҳҳои алтернативӣ пайдо кардем: тариқи Ӯзбекистон, Қазоқистон, баҳри Каспий, Озарбойҷон ва минбаъд то Эрону Туркия”, - гуфт вазир.
Худоёрзода таъкид дошт, ки дар муқоиса бо хатсайр тариқи Туркманистон ин хатсайр то Эрон 1 ҳазор километр дарозтар ва то Туркия баръакс, 434 километр камтар аст.
Зимнан илова шуд, ки корҳои ҳаллу фасли мусбати ин масъала идома доранд.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврали соли гузашта Туркманистон равуои нақлиётро бо бору маҳсулоти Тоҷикистон тариқи қаламраваш манъ кард. То ин дам ҳукумати Туркманистон транзити бору маҳсулоти Тоҷикистонро моҳи сентябри соли 2018 манъ карда, лекин он вақт ин мушкил дар муддати як моҳ ҳал шуд.
Тибқи баъзе маълумот, сабаби асосии чунин амали Туркманистон мавқуф гузоштани сохтмони роҳи оҳан аз ҷониби Тоҷикистон аст, ки бояд ду кишварро тариқи қаламрави Афғонистон ба ҳам мепайваст.
Аммо муовини сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон Усмон Қаландарзода зимни нишасти матбуотӣ ин маълумотро рад намуда, изҳор дошт, ки ба онҳо расман чунин маълумот нарасидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.