Дар Рӯзи байналмилалии синамо мо тасмим гирифтем беҳтарин киноҳои давоми сол дар Осиёи Марказӣ сабт ва ба намоиш гузошташударо гирдоварӣ намоем. Ин рӯйхати расмӣ нест ва тибқи иттилои дар сомонаҳои байналмилалӣ нашршуда ва бо назардошти иштирок ва намоиши филмҳо дар озмунҳои байналмилалии синамо таҳия шудаст.
Сӯзу гудози ишқ, талош барои исботи ҳақиқат, маргу зиндагӣ, арзишҳои ахлоқӣ дар меҳвари ин филмҳо қарор доранд.
"Дар талоши ҳақиқат"
Дар Тоҷикистон имсол як қатор филмҳои ҳунарии пурра, кӯтоҳ ва мустанад рӯйи саҳна омаданд. Вале мушкилоте, ки соҳаи филмофарӣ дар Тоҷикистон мувоҷеҳи он аст, ҳанӯз боқӣ мемонад. Инҷо чанд филмеро муаррифӣ мекунем, ки соли ҷорӣ дар кишвар рӯйи саҳна омада, дар озмунҳои филмофарӣ соҳиби ҷоизаҳо гардиданд.
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”, ки нахустнамоишаш 26-уми январ доир шуд, аз корнамоии як журналист, ки мехоҳад гиреҳи куштори як духтареро дар деҳоти дурдаст ошкор созад, қисса мекунад. Филм аз рӯйи асари “Интиқоми арвоҳ”-и рӯзноманигори шинохта Хуршед Атовулло ба навор бардошта шудааст. Коргардони филм Манзаралӣ Шералӣ муаррифӣ шуд, вале ин филм моҷарои зиёде дар пай дошт. Некрӯз Ҷалилиён, коргардони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мавриди сензура қарор гирифтани филм ва кӣ будани коргардони аслӣ ишора карда, матлабе нашр кард. Ӯ даъво кард, ки филмро ӯ бардоштааст ва баъди сензура ба номи дигар нафар сабт шудаааст.
Ин филм дар Синамоҷашнвораи “Тоҷи сомон” ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” ва дар Синамоҷашнвораи ХХХ байналмилалии “Листопад” соҳиби диплом гардид.
"Танҳо ту"
Филми бадеии “Танҳо ту” соли 2024 бо коргардонии Умедшо Мирзоширинов рӯйи навор омада, дар жанри драмаи оилавӣ таҳия гардидааст.
Филм масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла покии ишқро тараннум сохта, инчунин манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон ва мероси фарҳангии кишварро дар пардаи синамо ҷилва медиҳад.
Нахустнамоиши ин филм 30-юми октябри соли ҷорӣ дар толори синамои “Ватан” доир шуд. Имсол дар Синамоҷашнвораи “Тоҷи сомон” филми “Танҳо ту” дар бахшҳои “Беҳтарин дизайн” ва “Беҳтарин наворбардор” ҷоиза ба даст овард.
“Зиндагӣ зебост”
Филми ҳунарии “Зиндагӣ зебост” соли 2024 аз ҷониби “Тоҷикфилм” бо коргардонии Далер Раҳматов рӯйи саҳна омадааст. Он пиромуни достони зиндагии наврасе бо номи Бахтиёр, ки орзуи сарҷамъ кардани оилаи худро дорад, қисса мекунад. Бахтиёр дар хоб баҳреро мебинад, ки он ҷо бо волидон ва хоҳарчааш қаиқсаворӣ мекунад. Новобаста аз мушкилиҳои сахте, ки оилааш мувоҷеҳ мешавад, Бахтиёр масъулияти ҳалли мушкилот ва ошкор сохтани гунаҳкорони бадбахтиҳои ба сари оилааш омадаро ба дўш мегирад. Ҳамин ки гиреҳҳои қисса боз мешаванд, тамошобинон шоҳиди далерӣ, устуворӣ ва адолату имони мустаҳками наврас мешаванд.
Нахустнамоиши филми “Зиндагӣ зебост” 12-уми июни имсол дар толори синамои “Наврӯз” доир гардид. Барои нақшофарӣ дар ин филм ҳунармандонаш дар Синамоҷоизаи “Тоҷи Сомон” ҷоизаҳои “Беҳтарин нақши мардона” (Насриддин Нуриддинов), “Беҳтарин нақши занона” (Таҳмина Раҷабова) ва “Беҳтарин коргардон” (Далер Раҳматов)-ро сазовор гардиданд. Филм ҳанӯз барои тамошои онлайнӣ дастрас нест.
Бояд гуфт, дар соли 2024 аз ҷумла филмҳои “Виҷдон”, “Туман”, “Моҳии тиллоӣ”, “Осори фаронсавӣ”, “Ҷашни Сада”, “Баҳори Душанбе”, “Ширин”, “Қасри тақдирсоз”, “Чакомаи чака” дар кишвар рӯйи саҳна омаданд. Вале ҳунармандон ва аксари коргардонҳои тоҷик мавҷудияти мушкилоти молию кадриро дар синамои тоҷик таъкид мекунанд. Набудани филми таърихӣ яке аз мушкилоти асосии соҳа аст, ки аҳли ҷомеаро нигарон кардааст, дар ҳоле аксари кишварҳо мехоҳанд қаҳрамонҳои миллии моро тавассути филмҳояшон “худӣ” кунанд.
"Парасту"
“Парасту” (“Қарлигаш”) филми драмавиест, ки соли 2024 дар Қазоқистон рӯйи саҳна омадааст. Коргардон ва муаллифи филмнома Малика Муҳамедҷон аст.
Қаҳрамони асосии филм Парасту занест, ки бо шавҳараш Илёс ва хусураш дар фермаи асппарварӣ дар яке аз манотиқи дурдасти даштҳои Қазоқистон зиндагӣ мекунад. Ӯ инҷо худро бегона эҳсос мекунад. Шавҳараш Илёс бошад, то ҳол аз ишқи аввалинаш –Айна (Оина) даст кашида наметавонад ва ҳанӯз аз он ёд меорад. Вазъият бо омадани Луис ном аксбардори фаронсавӣ, ки баъд аз ҷудо шудан аз ҳамсараш ба ин деҳ меояд, ранг иваз мекунад.
Нақшҳои асосиро дар филм Зуҳара Сансизбай (Парасту), Елжас Раҳим (Илёс), Владимир Косини (Луис) ва Толганой Талгат (Айна) иҷро кардаанд. Нахустнамоиш филм имсол доир шуд. Филм 122 дақиқа (2 соату 2 дақиқа) давом мекунад.
"Сарбози ишқ"
Филми мусиқавии “Сарбози ишқ” низ маҳсули филмофарони қазоқ дар соли 2024 аст. Коргардон ва муаллифи филмнома Фарҳат Шарипов буда, мусиқӣ ва синаморо ба ҳам мепайвандад.
Қаҳрамони асосӣ Бейбут ном навозандаи ҷавон аз Алмато мебошад, ки барои муваффақ шудан дар саҳнаи санъат талош мекунад. Ӯ дар дуроҳа мемонад ва барои интихоби яке аз ду - зиндагии муқаррарӣ бо оила ва дӯстон ва имкони расидан ба муваффақияти касбӣ саргардон мешавад. Вақте Ҷулия ном раққосае дар ҳаёташ пайдо мешавад ва ба ӯ ошиқ мешавад, вазъият боз печидатар мегардад.
Дар филм 17 суруди гурӯҳи A’Studio, аз қабили “Сарбози ишқ”, “Юлия”, “Тик-Ток”, “Кимасим” ва “Гул Алмато” истифода шудаанд. Нақшҳои асосии филмро Кеменгер Оралов, Карлыгаш Ермекова ва Жасмин Нурахмет иҷро кардаанд. Нахустнамоиши ин филм 5 сентябр бо номи “Исто, шаб” (“Стоп, ночь”) доир гардид. Баъдан дар фестивалҳои ҷаҳонӣ бо номи “Сарбози ишқ” намоиш дода шуд. Давомнокии филм 97 дақиқа (1 соату 37 дақиқа) аст.
Филм барои ҳамчоякунии муваффақонаи мусиқӣ бо достони муосир дар бораи муҳаббат ва навоварии эҷодӣ дар соҳаи филмофарӣ дар ин кишвар баҳои мусбат гирифт.
"Ҳукм"
“Ҳукм” як триллери драмавист (жанре, ки шубҳа, ҳаяҷон ва хатар эҳсос мешавад), ки соли 2024 аз ҷониби Қазоқистон ва Қирғизистон муштарак бо коргардонии Диас Бертис таҳия шудааст. Он ба рӯйдодҳои воқеӣ асос ёфта, дар бораи адолат ва мубориза бо фасод дар ҷомеа саволҳои доғро ба миён меорад.
Филми “Ҳукм” воқеаҳои соли 2009-ро дар як шаҳраки хурде дар соҳили Иссиқкӯл фаро мегирад. Қаҳрамони асосӣ Актан ном хонандаи мактаб аст, ки орзуи ба сафи Кумитаи амнияти миллӣ шомил шудан мекунад. Аммо ӯ бо ноадолатиҳои депутати маҳаллӣ, ки барои ҳифзи писараш Алан ба ҳар кор омода аст, дучор мешавад. Актан бо роҳи қонунӣ ба адолат даст наёфта, ноилоҷ ҳамроҳи дӯсти кӯдакии худ Куба тасмим мегирад, ки бо силоҳ вориди бинои додгоҳ шуда, онро забт кунад.
Нахустнамоиши филми “Ҳукм” дар Қазоқистон ва Қирғизистон 21-уми март доир шуд. Филм 97 дақиқа (1 соату 37 дақиқа) давом мекунад.
"Биҳишт дар зери пойи модарон"
Филми “Биҳишт дар зери пойи модарон” (Бейиш-эненин таманинда”) соли 2024 дар Қирғизистон бо коргардонии Руслан Акун, филмофари қирғиз рӯйи саҳна омадааст. Сужаи филм саргузашти Одил ном марди 35-солаеро, ки инкишофи ақлиаш дар сатҳи кӯдаки 8-сола қатъ шудааст ва модари 75-солаи ӯ - Райҳонро дарбар мегирад.
Ӯ бо модараш дар яке аз деҳоти Қирғизистон зиндагӣ мекард ва модараш парастору нигаҳбони ӯ буд. Ба далели қатъи инкишофи ақлӣ ӯ бо кӯдакон дӯстӣ ва бозӣ мекард. Ба Одил модараш ҳамеша мегуфт, ки ҳатман ба биҳишт меравад. Аммо Одил танҳо ба биҳишт рафтан намехост. Боре ба ӯ дӯсташ мегӯяд, ки агар хоҳад, ки маъвои модараш низ дар биҳишт бошад, ӯро ба ҳаҷ барад. Ҳамин тариқ Одил тасмим мегирад, ки модарашро бо ароба ба зиёрати Каъба барад.
Нақши Одилро дар ин филм Эмил Эсеналиев ва нақши модари ӯ – Райҳонро Анорқул Назарқулова иҷро кардааст. Филм дар ҳудуди Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия, Миср ва Арабистони Саудӣ ба навор гирифта шудааст.
25 августи соли 2024 ин филм Шоҳҷоизаи сенздаҳумин фестивали байналмилалии “Будем жить” (Зиндагӣ хоҳем кард)-ро ба даст овард.
"Такси"
Филми детективии “Такси” соли 2024 бо коргардонии Ойбек Бектемиров дар Қирғизистон офарида шудааст. "Такси" ба ҳодисаҳои воқеии Бишкек асос ёфтааст ва паҳлӯҳои норавшани табиати инсонӣ ва хатарҳоеро, ки паси воқеаҳои маъмулии ҳаррӯза пинҳонанд, ошкор мекунад.
Филм аз он қисса мекунад, ки дар шаҳр табибон пай дар пай нопадид мешаванд ва дар ин ҷиноят гумонбари асосӣ ронандаи такси қарор мегирад. Боз кардани гиреҳи ин ҷиноятро Адолат ном муфаттиши ботаҷриба ба ӯҳда мегирад ва кӯшиш мекунад, ки пайи ҷинояткорро дарёфт кунад. Аммо ӯ гумон намекард, ки ин гиреҳбозкунӣ ӯро аз тамоми чизҳои арзишноки зиндагиаш маҳрум мекунад. Нақшҳои асосиро дар ин филм Омурбек Израилов, атай Омурбеков, Бегойим Асанакунова ва Табалди Актанов иҷро кардаанд. Давомнокии филм 78 дақиқа (1 соату 18 дақиқа) аст.
"Ҷаноби Буз"
“Ҷаноби Буз” (Ҷаноб Эчки) филми мазҳакавии ӯзбекӣ буда, соли 2024 бо коргардонии Ғолибҷон Саноқулов рӯйи саҳна омадааст. Филм ороста аз унсурҳои ҳаҷв буда, дар қолаби мазҳака воқеият ва арзишҳои муосирро инъикос мекунад. Қаҳрамони асосии филм Ҷаноби Буз ва дӯсти ӯ Темур аст, ки тамоми даромади худро барои вақтхушӣ харҷ мекарданд. Рӯзе Ҷаноби Буз аз нақшаи соҳибкоре, ки мехост барои сохтани хона дарахтони ҳамсояро бурад, огоҳ мешавад. Ӯ ин ҳолатро сабт карда, соҳибкорро таҳдид мекунад ва аз ӯ маблағи калон мегирад. Рӯзе мефаҳманд, ки дӯстдухтари Темур низ барои наҷоти он дарахтон талош мекардааст. Акнун мақсади ин гурӯҳи дӯстон муқобилият бо соҳибкор буд, то дарахтонро набурад ва табиатро ҳифз кунад. Дар нақшҳои асосӣ Мумин Ибраҳимов, Сабина Ибрагимова, Толиб Муминов ва Саида Раметова нақшофарӣ кардаанд. Филм 83 дақиқа (1 соату 23 дақиқа) давом мекунад.
"Лона"
Инчунин дар ин кишвар соли 2024 як қатор филмҳои дигар сабт шуданд. Аз ҷумла, яке аз охирин филмҳо “Лона” (“Уя”) унвон дошта, аз он қисса мекунад, ки кӯдакони деҳа бачаҳои гургро дарёфт карда, ба хонаашон мебаранд. Аз ин раиси деҳа огоҳ шуда, мехоҳад бачаҳои гургро ба модараш баргардонад. Кӯдакон бошад барои нигоҳ доштани онҳо талош мекунанд.
Ин филм 102 дақиқа (1 соату 22 дақиқа) идома мекунад.
Мутаассифона, дар бораи филмҳои наве, ки дар соли 2024 дар Туркманистон ба навор гирифта шуданд, маълумот пайдо накардем. Аз рӯйи маълумоте, ки дар сомонаҳои байналмилалӣ нашр гардидааст, мушоҳида мешавад, ки синамои Туркманистон солҳои охир ягон филми назаррас пешниҳод накардааст ва дастрасӣ ба иттило дар бораи лоиҳаҳои филмҳо маҳдуд аст.
Танҳо як филми муштараки ин кишвар бо Ӯзбекистон мавҷуд буда, дар фестивалҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардидааст.
"Махтумқулӣ Фироқӣ"
Ин филми ҳунарии муштараки Туркманистону Ӯзбекистон “Махтумқулӣ Фироқӣ” унвон дошта, ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва мутафаккир Махтумқулӣ Фироқӣ бахшида шудааст. Ин филм ба муносибати 300-солагии таваллуди шоир офарида шуда, натиҷаи ҳамкории филмофарони ду кишварро ифода мекунад.
Филм тамошобинро ба асри XVIII мебарад ва дар бораи ҷавонии Махтумқулӣ, талошҳои ӯ барои донишандӯзӣ, муҳаббати ӯ ба Ватан ва кӯшишҳояш барои муттаҳид намудани мардум қисса мекунад.
Сабти филм дар маконҳои таърихии Бухоро ва Хеваи Ӯзбекистон, ки солҳои ҷавонии шоир онҷо гузаштааст ва дар мавзеи Гӯриховдон ва вилояти Ахали Туркманистон сурат гирифтааст.
Филм бо коргардонии Музаффар Эркинов, филмофари ӯзбек таҳия шудааст. Нақши Махдумқулиро Аҳмад Амондурдиев аз Туркманистон иҷро кардааст.
Нахустнамоиши филм моҳи ноябри соли 2024 дар IV-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои “Gorkut ata” дар Ашқобод баргузор шуд, ки дар он филм ҳамчун “Беҳтарин филми ҳунарӣ” эътироф гардид.
Филм ҳам ба забони туркманӣ ва ҳам ӯзбекӣ садогузорӣ шуда, барои намоиш дар ҳар ду кишвар пешбинӣ шудааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 декабри соли 2024
Поёни “лимит”, афзоиши маошу нафақа ва интихоботи шаффоф. Муҳимтарин нукоти паёми Эмомалӣ Раҳмон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 декабри соли 2024
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста