Раиси ҷумҳур дар паёми худ зикр кард, ки соли 2024 сатҳи таваррум дар кишвар 3,6 дарсадро ташкил кард. Дар панҷ соли охир бошад, сатҳи таваррум ҳамагӣ 29 дарсадро ташкил додааст. Дар ин давра афзоиши маошу нафақа бештар аз таваррум будааст.

Ӯ изҳор дошт, ки дар ин давра маоши буҷетӣ 4 маротиба – солҳои 2020, 2022, 2023, 2024 ва дар маҷмуъ ба андозаи 100% зиёд карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонааш ба парлумони Тоҷикистон гуфт, ки ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар дар панҷ соли охир зиёда аз 197 млрд сомонӣ равона шудааст.

Дар се соли охир беш аз 1 ҳазору 500 муассиаҳои таълимӣ, 660 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 470 иншоот дар соҳаи  варзиш ва 175 иншооти фарҳангу фароғат бунёд шудаанд.

Ӯ гуфт, ки дар ҳамаи ин корҳо саҳми соҳибкорон ва сокинон бузург аст. Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, дар 3 соли охир барои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша беш аз 20 млрд сомонӣ равона карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз то 1 уми январи 2027 маратория эълон шавад.

Ӯ гуфт, ин кор бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазо барои ҷалби сармоя ба кишвар амалӣ карда мешавад.

о мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ба аҳолӣ дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.

“Бобати идома додани ин раванд Бонки миллӣ бояд барои  баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ва низоми бонкӣ, инчунни  ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасонии бонкию молиявӣ  чораҷӯӣ намояд”,- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Акс аз Телеграм-канали шаҳрдори пойтахт

Ҳамзамон бо супориш дода шуд, ки барои  таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилоти қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасонии босифати бонкӣ махсусан дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

 

Маҳдудияти барқ баъди соли 2027 моли таърих мешавад

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энерегетикӣ ноил мешавад.

“Ман ҳар лаҳза дар фасли зимистон дар ҳар як лаҳзаву соат ташвиши мардуми Тоҷикистонро эҳсос мекунам. Шояд ин зимистони охире бошад, ки ин вазъро таҷриба карда истода бошед. Дар зимистони оянда ин душвориҳо камтар мешавад ва дар соли 2027 ин вазъият дар таърих мемонад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раиси ҷумҳур гуфт, беш аз 50% сохтмони “Роғун” ба анҷом раоснида шудааст.

"Дар ду соли охир аз буҷети давлатӣ барои татбиқи ин лоиҳаи стратегии муҳим зиёда аз 9 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст. Илова бар ин, то ин давра барои осхтмони "Роғун" бо 6 созмон дар ҳаҷми 10 млрд сомонӣ созишнома ба имзо расонида шудааст. Беша аз 3 млрд сомонӣ грант мебошад. Соли 2025 маблағгузорӣ оғоз мешавад", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

 

Акс аз Телеграм-канали шаҳрдори пойтахт

“Маошу нафақа ва идрорпулӣ зиёд карда шавад”

Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маошу нафақа ва идрорпулӣ дар кишвар зиёд карда мешавад.

Ӯ аз ҷумла гуфт, маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30% зиёд карда шавад.

Маоши дигар кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм фарҳанг, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассиаҳои буҷетӣ ва стипеедия ё идрорпулиҳо 20% зиёд карда шавад.

Музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҳарбиён ва дигар кормандони мақомот и қудратӣ 20% зиёд карда шавад.

Нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ ва ииловапул ба онҳо 10 фоиз зиёд ё карда шавад.

Ҳамчунин, ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳо ба андозаи 1000 сомонӣ муқарар карда шавад.

 

Акс аз Телеграм-канали шаҳрдори пойтахт

Эмомалӣ Раҳмон аз мушкили нарасидани ҷойи нишаст дар мактабҳо сухан гуфт ва таъкид кард, ки имрӯз дар кишвар зиёда аз 100 ҳазор ҷой барои хонандагон намерасад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар 4 ҳазору 37  мактаб фаъолият мекунад, ки 3 ҳазору 670-тои он давоми 30 соли охир бунёд шудаанд.

Тибқи иттилои раисҷумҳур, дар кишвар 2 млн 300 ҳазор  хонанда таҳсил мекунанд.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон баён дошт, ки дар кишвар 48 донишгоҳ бо 214 ҳазор донишҷӯ, 65 литсейи касбҳои ихтисосӣ бо 23 ҳазор хонанда ва 88 қолеҷ бо 160 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекунанд.

"То имрӯз 117 ҳазор ҷавонони тоҷик барои таҳсил ба донишгоҳҳои 42 кишвари  ҷаҳон фиристода шудаанд, ки 13 ҳазор нафари онҳо духтарон будаанд", - зикр кард раиси ҷумҳур.

 

Акс аз Телеграм-канали шаҳрдори пойтахт

Бунёди роҳу нақбу пул

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар соли 2024-ум дар кишвар 155 км роҳ таъмиру таҷдид, 20 пул ва 3 нақб ба маблағи 460 млн доллар сохта шудааст.

Раисҷумҳури кишвар таъкид кард, ки дар панҷ соли охир Тоҷикистон инфрасохтори роҳсозии худро ба таври назаррас беҳтар кардааст ва дар раддабандии ҷаҳонӣ миёни 165 кишвар ба ҷои 44-ум расидааст. 

Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар як сол зиёда аз 2 ҳазор километр роҳ сохта шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои иштироки фаъол дар ин раванд изҳори миннатдорӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар бораи оғози сохтмони роҳи Данғара – Гулистон ва дигар иншооти муҳим, ки барои рушди низоми нақлиётии кишвар нақши калидӣ хоҳанд дошт, хабар дод.

 

Акс аз телеграм канали раиси ҷумҳур

Нақши занон дар ҳаёти иҷтимоӣ

Эмомалӣ Раҳмон нақши занонро дар ҳаёти иҷтимоии кишвар муҳим донист. Ба иттилои раиси ҷумҳур:

25 дарсади хизматчиёни давлатӣ,

73 дарсади кормандони соҳаи маориф,

71 дарсади кормандони соҳаи тандурустӣ,

47 дарсади кормандони соҳаи фарҳанг,

37 дарсади олимон,

30 дарсади соҳибкорон дар кишвар занҳо мебошанд.

Ӯ гуфт, дар кишвар беш аз 110 ҳазор соҳибкорон занону бонувон мебошанд.

Баъди ҷорӣ кардани квотаи перезидентӣ беш аз 116 ҳазор духтарон бо квота донишгоҳ ва муассисаҳои олии кишварро хатм кардаанд. 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои олии кишварҳои хориҷаро хатм кардаанд.

“Аз 214 ҳазор донишҷӯёне, ки алъон таҳсил карда истодаанд, 90 ҳазор ё 42 фоизро духтарон ташкил мекунанд. Дар тамоми озмунҳои ҷумҳуриявӣ бештар духтарону бонувон иштирок мекунанд, бештар духтарону бонувон мегиранд”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

 


“Фишоратон баланд нашавад...” Интихобот ва муроҷиат ба вакилони парлумон

Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони парлумони кишвар, ки пас аз ду моҳ муҳлати ваколаташон анҷом “барои фаъолияти пурсамар” миннатдорӣ баён кард ва гуфт: “Ҷаноби Олӣ, баъд чӣ? Мо куҷо равем? Барои ҳамаи шумо дар мамлакат ҷойҳои муносиби кор карданро дорем. Шумо академия бузургро гузаштед, бекор мемонем гуфта, натарсед, фишоратон баланд нашавад”.

Ҳамчунин, раиси ҷумҳури кишвар гуфт, интихоботи парлумонии дарпешистода, ки 2-юми матри соли 2025 баргузор мегардад, бояд дар асоси сарқонун ва қонунҳои кишвар шаффофу озод баргузор шавад.

“Мақомоти марбута дар ин самт тамоми чораҳоро андешанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.