Агентии байнулмилалии рейтингии Standard & Poor’s рейтингҳои дарозмуҳлат ва кӯтоҳмуҳлати Тоҷикистонро аз рӯйи уҳдадориҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ ва миллӣ дар сатҳи«B-/B» тасдиқ кард.
Аз рейтинги мазкур бармеояд, ки кишвар пардохтпазир буда, лекин шароити номусоиди иқтисодӣ метавонад ба имкони пардохтҳо таъсири манфӣ расонад.
Дар варақаи матбуотии Агентӣ гуфта мешавад, дурнамои тағйири рейтингҳо “устувор” аст.
“Мо афзоиши босуръати касри буҷет ва бад шудани нишондиҳандаҳои робитаҳои иқтисодии Тоҷикистонро дар соли 2020 бар асари оқибатҳои иқтисодии пандемияи COVID-19 интизорӣ дорем”, - қайд мекунанд коршиносони Standard & Poor’s.
Тибқи пешгӯйиҳои Агентӣ, шурӯъ аз соли 2021 касри буҷети давлатӣ ва касри тавозуни пардохти кишвар коҳиш меёбанд.
Дурнамои “устувор”-и рейтингҳо ифодагари ақидаи коршиносон дар ин бора аст, ки сустшавии суръати рушди иқтисод бештар дар соли 2020 ба мушоҳида расида, номутавозинии буҷет ва нишондиҳандаи муносибатҳои иқтисодии ххориҷӣ дар дурнамои миёнамуҳлат бартараф мешаванд.
“Дар дурнамои миёнамуҳлат талаботи афзояндаи кишвар дар пардохтпазирии беруна аз ҳисоби маблағҳои ҷалбшуда аз ташкилотҳои байнулмилалӣ ва мададрасон, инчунин ниҳодҳои рушд қонеъ карда мешаванд”, - қайд мешавад дар варақаи матбуотӣ.
Standard & Poor’s ба панҷгонаи агентиҳои маъруфи рейтингии ҷаҳон шомил аст. Ин ташкилот бар асоси созишномаи дуҷониба ҳамасола ба муайян кардани рейтинги мустақили қарзии Тоҷикистон машғул мебошад.
Бар асоси созишнома Агентӣ вазъ дар иқтисод ва сатҳи бехатарии иқтисоди кишварро арзёбӣ мекунад. Гузориши таҳлилии Агентӣ оид ба рейтинги додашуда барои ҷалби сармояи хориҷӣ истифода шуда, дастрасии кишварро ба бозорҳои байнулмилалии молиявӣ боз мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.