Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи барқарор шудани ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ дар охири соли равон хабар медиҳад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз БМТ хабар доданд, ба ҳолати то 20 декабр ҳаҷми коҳиши интиқоли пул дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 7%-ро ташкил додааст.
Зикр шуд, ки ҷараёни коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ моҳи март оғоз гардид, ки мустақиман ба пандемияи коронавирус вобаста аст.
Дар Бонки миллӣ шарҳ доданд, ки пандемия ба карантин, баста шудани сарҳадҳо, поинравии нархи нафт ва қурби асъори шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон - Русия, Қазоқистон, Туркия ва Ӯзбекистон боис гардид.
Бино ба маълумоти БМТ, аз рӯйи натиҷаҳои нимсолаи аввали ҳамин сол ҳаҷми коҳиши интиқоли пул ба Тоҷикистон ба 14,8% расид.
Мисли пешин дар Бонки миллӣ дар бораи ҳаҷми саҳеҳи маблағи интиқолёфта маълумот надоданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.