Дар семоҳаи аввали соли 2022 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 2,4%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ. Ин нишондиҳанда 0,9 банди фоизӣ пасттар аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 мебошад.
Бино ба маълумоти манбаъ, дар ин давра нархи маҳсулоти ғизоӣ ба миқдори 3,9% ва маҳсулоти ғайриозуқа - 1,5% боло рафта, арзиши хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ бошанд, ба андозаи 0,3% поин рафт.
Байни маҳсулоти ғизоӣ гуруҳи зерини молу маҳсулот гарон шуд:
- сабзавот - 21,1%;
- шакар (қанд) - 10,1%;
- шир – 9,9%;
- маснуоти нонӣ ва ярма (донагиҳо) – 5,5%;
- моҳӣ – 5%;
- мева – 2,5%.
Нарҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа асосан аз ҳисоби гароншавии маҳсулоти зерин ба амал омад:
- маҳсулоти доруворӣ – 7,6%;
- сӯзишвории дизелӣ – 8%;
- бензин – 2,9%;
- маводи шустушӯйӣ – 1,5%.
Дар Агентии омор поинравии нарх ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолиро дар семоҳаи якум дар навбати аввал ба арзоншавиии гази моеъ (ба андозаи 5,9%), хидматрасониҳои истифодаи нақлиёт (0,9%), аз ҷумла нақлиёти ҳавоӣ (3,4%) ва нақлиёти мусофирбар (0,5%) марбут медонанд.
Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст. Дар соли 2021 низ ба ҳамин миқдор болоравии нарху таърифаҳо дар назар буд, лекин сатҳи таваррум аз рӯйи натиҷаҳои сол 8%-ро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, пешгӯиҳои ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ чандон хушбинона ва умедворкунанда нестанд.
Дар гузориши аввали моҳи апрел нашршудаи Бонки осиёии рушд (БОР) имсол сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар сатҳи бесобиқа - 15% пешбинӣ шудааст.
Таҳлилгарони БОР пешгӯиҳои худро бо болоравии нархи маводи сӯхт ва маҳсулоти хӯроквории воридотӣ, инчунин фишор ба сомонӣ бар асари босуръат поинравии рубли русӣ асоснок мекунанд.
Ҳамчунин пешгӯии худро онҳо бо болоравии маошу нафақаи кормандони давлатӣ ва таърифаҳо ба неруи барқ нисбат медиҳанд.