Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи 17,3 млн доллар зиёда аз 6,6 ҳазор тонна пахта содир шудааст.
Ин нишондиҳанда 3,3 баробар бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (5,3 млн доллар) мебошад, хабар медиҳад Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо беш аз 285 млн долларро ташкил дод.
Аз ҷумла, содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба ин кишвар- ҳудуди 96 млн а аз Ӯзбекистон ба кишвари мо - зиёда аз 189 млн долларро ташкил медиҳад.
Давоми моҳҳои январ-июни соли 2022 аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон пахта (17,3 млн доллар), семент (14,1 млн доллар), неруи барқ (12,2 млн доллар) ва алюминий (10,6 млн доллар) фиристода шудааст.
Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон асосан нуриҳои минералӣ ва кимиёвӣ, гази табиӣ, техникаи маишӣ, либос ва пойафзол, қолин, маҳсулоти абершим, помидор ва тарбузу харбуз ворид карда мешавад.
Охири моҳи июн як ҳайати “Узтекстилпром” дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон бо раҳбарияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти вилояти Хатлон ва Суғд дурнамои таъсиси корхонаи муштараки коркарди пахтаро баррасӣ кард.
Қаблан дар Фарғона байни доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Фарғона дар мавриди таъсиси корхонаи ресандагӣ дар ноҳияи Ашт, ҳамкорӣ миёни корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд», Корпоратсияи «Камоли Хуҷандӣ» ва як ширкати Кореяи Ҷанубӣ тавофуқ ҳосил шуда буд.