Аз 1 июли соли ҷорӣ нуқтаҳои савдо ва хидматрасонии Тоҷикистон тибқи QR-код пардохтро қабул мекунанд. То ин дам барои пардохти молу хидматрасонӣ лозим меомад, ки лавҳаҳо бо QR-коди бонки хидматрасонии худро пайдо кунед.
Лекин то ҳол аксарият маънии навгонӣ ва аслан усули кори кодҳоро намефаҳманд.
QR-коди ягона чист?
QR-кодро дар варианти пурраи англисиаш Quick Response Code метавон “коди воркуниши фаврӣ” тарҷума кард.
QR-коди ягона - коди матрисавиест (штрих-коди дученака), ки дорои маълумот дар бораи ирсолкунанда ва қабулкунандаи маблағ мебошад ва барои сканкунӣ бо истифода аз дастгоҳи мобилӣ, сканери штрих-код ва дигар дастгоҳҳо бо мақсади интиқоли реквизитҳои амалиёти интиқоли пул таъин шудааст.
QR-коди ягона дар асоси стандарти ягонаи EMV QR-сод аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии EMV Co таҳия шудааст.
Истифодаи QR-коди ягона тамоми QR-код-ҳои хусусии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистонро барои пардохти хидматрасонӣ дар корхонаҳои савдо ва хидматрасонӣ дар як қолаби ягона муттаҳид месозад.
Агар қаблан муштариён бояд аз фурӯшандагон мепурсиданд, ки оё онҳо QR-коди ин ё бонкро доранд ё на, пас баъди ҷорӣ кардани коди ягона ин кор лозим нест - ҳамин як код сарфи назар аз навъи ҳамёни электронӣ ё замимаи мобилӣ барои истифода кофӣ аст.
Кӣ QR-коди ягонаро роҳандозӣ намуд ва ин ҷараёнро назорат мекунад?
Талаботи ягона нисбати QR-код аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таҳия шуда, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дарҷ шудааст.
Пардохтҳои байнибонкӣ тавассути QR-коди ягона тавассути модули пардохтҳои фаврии Системаи автоматии интиқоли пулҳои байнибонкӣ, ки 24 соат дар як шабонарӯз, 7 рӯз дар як ҳафта ва 365 рӯз дар як сол амал мекунад, сурат мегирад.
Қобили зикр аст, ки оператор ва бонки ҳисоббаробаркунии Системаи автоматии интиқоли маблағҳои байнибонкӣ (модули пардохтҳои фаврӣ қисми ин система аст) БМТ мебошад.
Ҳадаф аз роҳандозии QR-коди ягона чист ва барои истеъмолгарону корхонаҳо чӣ афзалиятҳое дорад?
Қобили зикр аст, ки таъсиси низоми пардохт, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва системаи хидматрасониҳои пулакӣ аз ҷумлаи вазифаҳои БМТ мебошанд.
Дар ин робита, Бонки миллӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди пардохтҳои ғайринақдӣ чораҳо андешида, пайваста дар кишвар қарорҳои муосири технологиро ҷорӣ менамояд.
Мақсад аз ҷорӣ намудани QR-коди ягона васеъ намудани инфрасохтори пардохт барои таъмини эътимоднокӣ ва фаврияти пардохтҳо ва ҳавасмандсозии рушди босуръати пардохтҳои ғайринақдӣ мебошад.
Кадом бонкҳо ба QR-коди ягона дохил мешаванд? Яъне бо ҳамёнҳои кадом бонкҳо метавон бо ёрии QR-коди ягона пардохт намуд?
Айни замон тамоми ташкилотҳои қарзӣ, ки барои қабул ё пардохт аз QR-коди ягона истифода мебаранд (18 ташкилоти қарзии молиявӣ), ҳамгироӣ бо модули пардохтҳои фаврии Системаи автоматии байнибонкии интиқоли маблағро муваффақона анҷом доданд.
КВД БА ҶТ "Амонатбонк"
КВД БССТ "Саноатсодиротбонк"
ҶСК "Бонки Эсхата"
ҶСК "Алиф Бонк"
ҶСК "Душанбе Сити Банк"
ҶСП "Спитамен Бонк"
ҶСП "Бонки байналмилалии Тоҷикистон"
ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон"
ҶСП "Бонки Арванд"
ҶСП "Аввалин бонки молиявии хурд"
ҶСК "Тавҳидбонк"
ЗАО МДО "Ҳумо"
ҶСП ТАХ "Имон Интернешнл"
ҶДММ ТАХ "АзизиМолия"
ҶДММ ТАХ "Матин"
ҶДММ ТАХ "Финка"
ҶДММ ТАХ "Зудамал"
ҶДММ ТҒБҚ "Васл".
Бо QR-коди ягона чӣ гуна пардохт кардан мумкин аст?
1. Ба замимаи мобилии бонкӣ/ҳамёни электронӣ ворид шавед ва опсияи «Оплата по QR» / «QR платеж» (Пардохт бо QR /QR пардохт)-ро интихоб кунед;
2. Камераро тавре дуруст кунед, ки чоркунҷа бо QR-коди ягона пурра ба чаҳорчӯбаи шиносанда мувофиқат кунад;
3. Мунтазир бошед, ки саҳифаи пардохт бо нишон додани номи гиранда кушода шавад, маблағи заруриро нишон диҳед, дурустии маблағи воридшударо бисанҷед;
4. Пардохтро тасдиқ кунед.
Барои пардохт бо QR-коди ягона фоизи иловагӣ ситонида мешавад?
Барои пардохтҳо бо QR-коди ягона ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва корхонаҳои савдо ва хидматрасонӣ (мағозаҳо ва ғайра) аз харидор ҳеҷ гуна комиссия намегиранд, ба мисли пардохт бо корти пардохтии бонкӣ ё пули нақд.
Гузашта аз ин, баъзе муассисаҳои молиявии қарзӣ барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ QR-кодҳо дар шакли кэшбэк мукофотҳо пешниҳод мекунанд.
Оператори QR-коди ягона аз кадом ҳисоб пул кор мекунад?
Тавре зикр гардид, оператори QR-коди ягона БМТ аст, ки ҳадафаш - афзоиши ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулии кишвар мебошад.
Бо назардошти хусусияти иҷтимоии лоиҳаи мазкур, тамоми хароҷот барои нигоҳдории инфрасохтори пардохт бо QR-коди ягона аз ҷониби БМТ ба уҳда гирифта мешавад.
Ҳангоми пардохт бо ёрии QR-коди ягона бо кэшбэкҳо ва дигар имконоти ҳавасмандкунии бонкҳо чӣ мешавад?
Бояд қайд кард, ки пулҳои кэшбэк, мукофотпулӣ ё дигар барномаҳои ҳавасмандсозӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва барномаҳои худашон мустақилона пешниҳод мешаванд.
Чанд нуқтаи савдо ба системаи QR-коди ягона пайваст шуда, дар оянда чӣ дар назар аст?
Холо дар система зиёда аз 10 ҳазор нуқта ба қайд гирифта шудааст ва шумораи онҳо рӯз то рӯз меафзояд.
Бо таваҷҷуҳ ба хароҷоти кам, осонии истифода ва маъруфияти афзояндаи пардохтҳо тавассути QR-код, васеъ намудани шумораи корхонаҳои савдо ва хидматрасонӣ, бо QR-коди ягона таъмин намудани муассисаҳои давлатӣ ва коммуналӣ, ки ба аҳолӣ хизматрасонии пулакӣ мерасонанд, дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки дар ҷаҳони имрӯзи босуръат рушдёбандаи технологияҳои молиявӣ пайваста дастгирӣ ва навсозӣ кардани роҳҳу воситаҳои ҳалли технологӣ зарур аст, ки БМТ онро ҳамарӯза амалӣ менамояд.
Дар нуқтаҳои савдо бояд чӣ гуна иқдомҳои мушаххас роҳнадозӣ шаванд, то ки харидорон бо ёрии QR-коди ягона пардохт кунанд?
Дар натиҷаи таҳлил маълум гардид, ки ҳангоми пешниҳоди имтиёзҳои гуногун дар шакли тахфиф, кэшбэк, мукофотпулӣ, иштирок дар бозӣ ва лотереяҳо, инчунин пешниҳоди қарз, фурӯш тавассути QR-кодҳо дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ афзоиш ёфтааст.
Барои насби QR-коди ягона ба корхонаҳои савдо ва хидматрасонӣ тавсия дода мешавад, ки ба ҳама гуна ташкилоти қарзӣ-молиявӣ, ки хидматрасонӣ оид ба қабули пардохтиҳои ғайринақдиро тариқи QR-код пешниҳод мекунад, муроҷиат намоянд.
Бо ҷорӣ намудани QR-код дар тиҷорати худ корхонаҳои хурду миёна чӣ гуна бартариятҳоро ба даст оварда метавонанд?
Бояд гуфт, ки ҳадафи ниҳоии соҳибкор - афзоиши фурӯш ва ба даст овардани фоидаи ҳадди аксар аст.
QR-коди ягона барои соҳибкорон як воситаи иловагии фурӯш барои ҷалби бештари муштариёни эҳтимолӣ ва афзоиши ҳаҷми фурӯш мебошад.
Як мисоли оддӣ - то ҷорӣ шудани QR-коди ягона нуқтаи савдо ба мизоҷон бо QR-кодҳои мавҷудаи аз 1 то 5 ё 6 бонки доштааш хидмат мекард. Баъди ҷорӣ шудани он QR-коди ягона, он метавонад ба мизоҷони ҳама бонкҳои дорои замимаи мобилӣ ё ҳамёни электронӣ хидмат расонад сарфи назар аз бонке, ҳамёни электрониро додааст.
Кадом бахшҳои бозор QR-коди ягонаро бештар фаъолтар ҷорӣ мекунанд ва чаро?
Айни замон QR-коди ягона дар корхонаҳои савдо ва хидматрасонӣ, аз ҷумла дар савдои чакана, бахши хидматрасонӣ, хӯроки умумӣ ва ғайра фаъолона истифода бурда мешавад.
Истифода аз QR-коди ягона то чӣ андоза бехатар аст?
QR-коди ягона дар асоси стандарти ягонаи EMV QR-код аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии EMV Co таҳия шудааст ва ба ҳама талаботҳои сатҳи байнулмилалӣ ҷавобгӯ аст.
Дар баробари ин, комплекси барномавӣ-техникии мавриди истифодаи БМТ аз ҷониби як ширкати байнулмилалии IT бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда шуд.
Бояд қайд кард, ки ҳама транзаксияҳо ва маълумоти шахсии муштариён ҳангоми пардохт тавассути QR-код сатҳи баланди муҳофизат доранд.