Нархи сабикаҳо ё худ “хиштҳо”-и тиллои ченшудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шароити зиёдшавии нархҳои ҷаҳонӣ ба ин металл аз оғози соли равон ба андозаи 20% боло рафт.
Арзиши сабикаи 5-грамма имрӯз, 11 декабр, 3 ҳазору 756 сомониро ташкил медиҳад, ки 617 сомонӣ зиёдтар нисбат ба аввали соли ҷорӣ аст. Сабикаи 100-грамма 12 ҳазору 133 сомонӣ гаронтар шуда, акнун аллакай 72 ҳазору 637 сомонӣ нарх дорад.
Нархи сабикаҳои ченшудаи вазнашон 10, 20 ва 50 граммӣ низ тақрибан ба ҳамин андоза боло рафта, онҳо низ дар фурӯш қарор доранд. Чи қадре, ки вазни сабикаи ченшуда зиёдтар бошад, тилло ҳамон қадр ба харидор арзонтар меафтад ва баръакс. Масалан, ҳар 1 грамми сабикаи 5-граммӣ ба харидор 751 сомонӣ (ҳудуди 69 доллар) ва 100-граммӣ бошад, 726 сомонӣ (каме бештар аз 66 доллар) нарх дорад.
Қобили зикр аст, ки имсол болоравии нархи сабикаҳои тиллои БМТ пас аз давраи дусолаи поинравии он ба андозаи 9,0% дар соли 2022 ва 4,1% - дар соли 2021 ба мушоҳида мерасад. То ин дам дар соли пандемии 2020 сабикаҳо ба таври рекордӣ - 43% гарон шуда буданд.
Бонки миллии Тоҷикистон моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард. Бо пешниҳоди шиноснома ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ сабикаи тилло харида метавонад. Дар ҳамин ҳол маҳдудияти фурӯш вуҷуд дорад: ба 1 нафар 1 кило дар як сол.
Болоравии нархи сабикаҳои тиллоро дар Бонки миллӣ ба афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ ба металли №1 рабт медиҳанд. Гап сари он аст, ки мутахассисони Бонки миллӣ ҳамарӯза арзиши тиллоро бар асоси нархи як унсия (31,1034768 грамм)-и тилло субҳ дар асоси натоиҷи савдои байнибонкии асъор (фиксинг) дар Лондон муайян ва таъйин мекунанд. Хароҷоти воқеии истеҳсоли тилло, хароҷоти нақлиёт ва суғурта ва боҷҳои гумрукӣ низ ҳисоб карда мешавад.
Арзиши 1 унсияи тилло дар биржаҳои ҷаҳон рӯзи 4 декабри соли равон ба ҳадди ниҳоӣ тайи ду асри охир - 2100 доллар расид. Дуруст аст, ки ҳафтаи ахир арзиши он каме поин рафта, имрӯз 1 унсия дар Биржаи Лондон 2028 доллар нарх дорад.