Рӯзҳои 29-30 май дар Душанбе таҳти унвони “Роҳ ба сӯи Тиён-Шон” конфронси байнулмилалӣ доир гардид, ки дар кори он масоили таҳкими ҳамкории кишварҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт баррасӣ шуданд.

Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, конфронс аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Комиссияи иҷтимоии СММ барои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) созмон дода шуд.

Конфронси байналмилалӣ ба 10-солагии имзои Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ «Дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ», инчунин татбиқи Созишнома дар бораи таҳкими шуғл дар соҳаи нақлиёти заминии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 13 сентябри соли 2023 дар Душанбе ба имзо расидааст, бахшида шудааст.

Сурат аз e-cis.info

Дар кори Конфронс тақрибан 350 намояндаи мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, СҲШ, Туркия, инчунин созмонҳои байналмилалӣ аз қабили СҲШ, ЮСАИД, ТРАСЕКА, ЭСКАТО, ШБР ИДМ ва Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни Конфронси байналмилалӣ вазъ ва дурнамои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҳамлу нақли мултимодалӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва ғайраро баррасӣ намуданд.


Дар чаҳорчӯби кори конфронс вохӯрии кории вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ, гуфтушуниди вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ + Чин баргузор шуд.

Яке аз мавзӯъҳои муҳим барои Тоҷикистон, ки дар доираи конфронс баррасӣ шуд, масъалаи марбут ба таҳвили таҷҳизоту бор аз Чин ба Тоҷикистон тариқи роҳи мошингарди “Душанбе - Қулма - сарҳад бо Чин” буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.