Болоравии арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон ба баргузории корҳои таъмир дар корхонаҳои коркарди ин навъи сӯзишворӣ дар кишварҳои содиркунанда вобаста аст. Дар ин бора рӯзи 31 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафаралӣ Қурбонзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон ин навъи сӯзишвориро асосан аз ширкати бузурги истеҳсолкунандаи гази моеъ - «Тенгизшевройл» (ТШО)-и Қазоқистон ва дигар истеҳсолкунандаҳо мехаранд.
Афзоиши нархи гази моеъ ҳамчунин бо болоравии арзишаш дар бозори дохилӣ бо сабаби гарон шудани сӯзишвории воридотӣ маънидод мешавад.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 195,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки 12,3 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Арзиши 1 тонна сӯзишвории воридшуда дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна 681 долларро ташкил додааст, ки 278 доллар ё худ 69% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.
Қобили зикр аст, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и пойтахти Тоҷикистон аз оғози нимаи дуюми моҳи июл болоравии босуръати нархи гази моеъ - аз 5,8 сомонӣ то 7 сомонӣ барои 1 литр (болоравӣ - 20,7%) ба мушоҳида мерасад.
Болоравии нарх дар шароити камбуди шадиди ин навъи сӯзишворӣ дар аксари нуқтаҳои фурӯш сурат гирифта, онро танҳо дар чанде аз нуқтаҳои фурӯш бо нархи баланд пайдо кардан имкон дошт.
Вазъи марбут ба норасоии гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯш охири ҳафтаи гузашта ба эътидол омада, лекин нархи он ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 сомонӣ боқӣ монд.
Дар Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ қаблан зимни шарҳи ин масъала зикр карда буданд, ки дар мавриди интиқоли гази моеъ аз ҷониби кишварҳои содиркунанда ҳеҷ гуна маҳдудияте ҷорӣ нашуда, дар анборҳои нигаҳдории сӯзишвории ширкатҳои воридкунанда барои таъмини бозори дохилӣ сӯзишворӣ кофист.
“Аммо бо мақсади риояи талаботи бехатарӣ ва мувофиқи “Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ дар НФС” дар мавсими тобистон зимни болоравии ҳарорат фурӯши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯше, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, бояд маҳдуд карда шавад”, - зикр гардида буд дар шарҳи сомонаи Вазорати энергетика.
Таъкид шуда буд, ки дар мавсими тобистон дар корхонаҳои истесолӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ гузаронида мешаванд, ки метавонад ба камшавии воридоти гази моеъ боис гардад.
Дар Вазорати энергетика изҳор намуданд, ки талабот ба гази моеъ дар Тоҷикистон коҳиш меёбад, зеро ҷумҳурӣ тадриҷан ба истифодаи электромобилҳо (мошинҳои барқӣ) мегузарад.
Тибқи маълумоти Хадамот, ба воридоти гази моеъ 17 субъект машғуланд, ки ҳиссаи нисбатан зиёди он ба ширкатҳои зерин рост меояд: ҶДММ «Темур Ойл» (21,2%), ҶДММ «Аллат» (10,0%), ҶДММ «Октан сервис» (9,9%), ҶДММ «Ирис» (8,3%), ҶДММ «Газпромнефт Тоҷикистон» (8,1%) ва ҶДММ «Эмом импорт экспорт» (8,0%).
Ёдрас мекунем, ки гази моеъ дар байни 19 номгӯи маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим қарор дошта, мувофиқи қарори махсуси ҳукумат, зимни нархгузории онҳо ба дахолати Хадамоти зиддиинҳисорӣ роҳ дода мешавад.