Роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон босифат дар Осиёи Марказӣ эътироф шуданд. Чӣ ба ин мусоидат кард?
Дар радабандӣ (рейтинг)-и охири Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ оид ба сифати роҳҳои автомобилгард Тоҷикистон байни 141 кишвари саросари дунё зинаи 50-умро касб кард. Қазоқистон дар мақоми 93-юм ва Қирғизистон - 113-ум қарор гирифта, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар радабандӣ зикр нашудаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, ҷиҳати дар зинаи баланд қарор гирифтани ҷумҳурӣ сохтмону таъмир ва навсозии зерсохтори роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ мусоидат кард.
Дар Вазорат зикр мекунанд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати ҷумҳурӣ раҳоӣ ёфтан ба бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.
Чӣ сохтанд?
Барои расидан ба ҳадафи мазкур мувофиқи маълумоти Вазорати нақлиёт, тайи 32 соли ахир 2407,8 км роҳҳо, 274 пул, 2 чорраҳаи сесатҳа ва 2 чорраҳаи дусатҳа, 7 нақби нақлиётӣ сохта шуданд.
Дар ин давра дар соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар ба сурати умум 58 лоиҳа амалӣ шуданд, ки арзиши умумиашон ҳудуди 2,2 млрд долларро ташкил медиҳад.
Мурғоб – Қулма
Қитъаи якуми роҳи мошингард тӯли солҳои истиқлолияти кишвар дар ноҳияи Мурғоб сохта шуд: қитъаи 32,3 километр роҳи мошингарди Хоруғ - Ӯшро дар ағбаи Қулма бо Чин пайваст кард.
То ин дам байни ду кишвар роҳи автомобилгард набуд. Барои сохтмони ин қитъа қарзи Бонки исломии рушд (БИР) дар ҳаҷми зиёда аз 9,7 млн доллар ҷалб шуда, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистоен ҳудуди 4,3 млн долларро ташкил дод.
Моҳи майи соли 2024 дар сарҳади Тоҷикистону Чин постгоҳи назоратии “Қулма” боз шуда, пас аз ин равуои автомашинаҳо байни ду кишвар оғоз гардид.
Душанбе – Хуҷанд – Чанок
Лоиҳаи бузургтарини сохтмони роҳи мошингард, ки тӯли солҳои истиқлолият амалӣ шуд, таъмиру навсозии роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд - Чанок (сарҳади Ӯзбекистон) бо масофаи 336 км боқӣ мемонад. Барои анҷоми ин корҳо ҳудуди 300 млн доллар, аз ҷумла ҳудуди 290 млн доллар аз ҳисоби қарзи Чин ва ҳудуди 15 млн доллар аз буҷет равона шуд.
Роҳи мазкур охири соли 2008 мавриди истифода қарор гирифта, моҳи апрели соли 2010 бар асоси шартномаи консессионӣ он ба ихтиёри ширкати Innovative Road Solutions Ltd дода шуд, ки як сол пеш дар офшори Ҷазираҳои Бритониёии Вирҷин ба қайд гирифта шуда буд.
Аз ҳамон вақт филиали ин ширкат тариқи механизми толлингӣ зерсохтори роҳи мошингарди мазкурро идора мекунад. Агар соддатар бигӯем, равуо тариқи ин роҳ пулакӣ шуд. Мувофиқи консессия, филиали IRS аз ҳисоби ҷамъоварии маблағ танҳо ба корҳои дар ҳолати хуби коршоям нигоҳ доштани роҳ машғул буда, қарзи Чин аз ҳисоби буҷет баргардонида мешавад.
Дар ин роҳ се нақб бо масофаи умумиии 11,3 километр сохта шуд.
Ин аз ҷумла, нақби 5-километраи “Истиқлол” (зери ағбаи Анзоб) мебошад, ки барои сохитмони он 39 млн доллар, аз ҷумла 21,2 млн доллар қарз, 10 млн доллар грантҳои ҳукумати Эрон ва 7,8 млн доллар ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон истифода шуд.
Ҳамчунин дар ин роҳ нақбҳои “Шаҳристон” (ҳудуди 5252 метр) ва “Дӯстӣ” (1047 метр) сохта шуданд. Ин иншоот аз ҳисоби қарзи Чин мутаносибан ба маблағи 88,4 млн доллар ва 13,7 млн доллар мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ғайр аз ин, дар ин роҳ аз ҳисоби гранти ҳукумати Покистон ба маблағи ҳудуди 5 млн доллар 4 долони зиддитарма бо масофаи умумии 400 метр сохта шуд.
Душанбе – Хоруғ – Қулма
Сохтмони қитъаи роҳи мошингарде, ки Душанберо бо ВМКБ тариқи вилояти Хатлон пайваст мекунад, низ муҳим шуморида мешавад. Гап сари он аст, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) равуои автомашинаҳо байни пойтахт бо ВМКБ танҳо ба воситаи ноҳияҳои шарқии Ноҳияҳои тобеи марказ ва дар идома ағбаи Хобуробод (баландиаш 3252 метр аз сатҳи баҳр) сурат мегирифт, ки бар асари боришоти зиёд дар фасли зимистон баста мешуд.
Ҳарчанд масофаи роҳи нав қариб 100 километр дарозтар бошад ҳам, лекин он давоми тамоми сол амал мекунад.
Дар доираи сохтмону таъмир ва навсозии ин роҳ қитъҳаҳои зерин сохта шуданд:
- Шоҳон – Зиғар, масофа 33,8 км, арзиш 47 млн доллар;
- Шоҳин – Шоҳон, масофа 40 км, арзиш 92,9 млн доллар;
- Шкев – Зиғар, масофа 37,8 км, арзиш 32 млн доллар;
- Душанбе – Данғара, масофа 136 км, арзиш 155 млн доллар.
Ҳамчунин дар ин роҳ 2 нақб сохта шуд: «Озодӣ» бо масофаи 2250 км (32,9 млн доллар - гранти Чин), «Хатлон» - бо масофаи 4430 метр (70 млн доллар - қарзи Чин) ва дигар иншоот.
Дар давраи истиқлолият давра ба давра инчунин роҳҳои зерини мошингард таъминру навсозӣ ва барқарор шуданд: Душанбе – сарҳади Қирғизистон, Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе – Бохтар, Айнӣ – Панҷакент ва боз бисёр дигар роҳҳои таъиноти маҳаллӣ.
Чӣ мавриди сохтмон қарор дорад?
Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, айни замон дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии зиёда аз 9,6 млрд сомонӣ 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қраор дорад, ки дар доираи онҳо зиёда аз 1500 километр роҳҳо сохта мешаванд.
Барои амалисозии ин лоиҳаҳо беш аз 723 млн доллар, аз ҷумла 331 млн доллар кумаки бебозгашт ва зиёда аз 334 млн доллар қарзҳои шарикони рушд, инчунин маблағҳо аз буҷет дар ҳаҷми ҳудуди 58 млн доллар равона мегардад.
Аз ҷумла, роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод (75 км), маблағи умумиаш 178,1 млн доллар. Лоиҳа бо гранти Бонки осиёии рушд (110 млн доллар), қарзи Фонди ОПЕК (40 млн доллар) ва ҳукумати Тоҷикистон (28,1 млн доллар) маблағгузорӣ мешавад.
Инчунин роҳи мошингарди Қалъаи Хумб - Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 км) бо арзиши зиёда аз 200 млн доллар барқарор ва таъмиру навсозӣ мешавад.
Дар Вазорати нақлиёт зикр мекунанд, ки дар ин қитъа мутобиқи лоиҳа сохтмони 15 пули мошингард, 2 нақб (масофаи умумиашон 5,2 ҳазор метр, 5 долони зиддитарма (438 метр) ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин амалисозии лоиҳаҳои сохтмони як қатор роҳҳои таъиноти маҳаллӣ идома дорад: Бекобод – Деҳмой, Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз ва Конибодом – Кӯчкак бо масофаи умумии 52 км.
Барои анҷоми ин корҳо равона гардидани беш аз 60 млн доллар пешбинӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон сохтмони роҳҳои Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара (69 км) бо арзиши зиёда аз 65 млн доллар ва Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт (59 км) бо арзиши ҳудуди 73 млн доллар ҷараён дорад.
Лоиҳаҳои афзалиятнок
Ҳукумати кишвар ният дорад, ки дар ояндаи наздик як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки сохтмон ва таъмиру навсозии роҳҳои мошингардро, ки барои бунёди долонҳои иқтисодӣ аҳаммияти байнулмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ доранд, таҳия ва пешниҳод намояд.
Ба сурати умум айни замон 36 чунин лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дорад, ки оғози давра ба давраи он пас аз дарёфи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Миёни ин лоиҳаҳо сохтмони роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони ВМКБ то ағбаи Қулма (300 км), роҳҳои Бохтар – Ҷалолиддини Балхӣ – Қубодиён – Шаҳритус – Айвоҷ – сарҳҳади Ӯзбекистон (170 км), Хуҷанд – Конибодом (57 км), Хуҷанд – Ашт (122 км) ва Балҷуувон – Сари-Хосор (58 км) зикр мешаванд.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон изҳор дошт, ки ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ-иқтисодии Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо, инчунин Тоҷикистон – Чин – Покистон истифода хоҳанд шуд.