Филми ҳунарии кӯтоҳи “Фурӯғ” дар Кинофестивали байналмилалии филмҳои ҷавонон "МО", ки аз 26 то 29-уми ноябр дар хонаи синамогарони Русия доир мегардад, Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.
Дар ин бора Одина Маҳмад, коргардони ин филм ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, филм дар номинатсияи “Беҳтарин кори коргардонӣ” намоиш дода мешавад. Ӯ мегӯяд, барои иштирок аз ҷониби тадорукоти синамоҷашнвора даъватнома гирифтааст.
“Барои ман муҳим ин аст, ки тамошобин аз як филми тоҷикӣ дидан мекунад”, - таъкид мекунад ӯ.
Дар ин синамоҷашнвора аз 350 дархост 63 филм аз кишварҳои гуногун интихоб шуда, байни ҳам рақобат мекунанд. Гуфта мешавад, ҳамчунин ду филми дигар аз Ӯзбекистон ва Эрон бо филми “Фурӯғ” барои дарёфти ҷоиза рақобат хоҳанд кард.

Бояд гуфт, филми ҳунарии кӯтоҳи “Фурӯғ” моҳи октябри имсол сазовори ду ҷоиза гардид. Дар синамоҷашнвораи миллии “Тоҷи Сомон” дар бахши “Беҳтарин филми дебютӣ” ва дар 20-умин Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои ҳаваскор ва касбӣ - "Молодой киновек" ҷоиза ба даст овард.
Ҳоло Одина Маҳмад, коргардони тоҷик ду лоиҳаи филми ҳунариро таҳия намудааст ва дар ҷустуҷӯи маблағ аст. Ӯ имсол барои афзун сохтани таҷрибаи худ ду сафари хориҷӣ дошт ва бо коргардонҳои кишварҳои гуногун табодули таҷриба кард.




“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста