Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии марбут ба тағйирёбии иқлим дучор аст, бахусус дар масъалаи захираҳои об, ки беш аз 80%-и оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар кишварро ташкил медиҳанд. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба Report.az дар ҳошияи Конфронси COP29 дар Боку муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон, ки 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар он ташаккул меёбад, таъсири шадиди тағйирёбии иқлим эҳсос мешавад, ки аллакай ба захираҳои об таъсири ҷиддӣ расонидааст. Хатари махсусро обшавии пиряхҳо ба бор меорад.

«Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим дар 30 соли охир кишвар беш аз ҳазор пиряхҳои хурдро аз даст дод. Ин талафотҳои ҷуброннопазир буда, ба тавозуни обии минтақа таъсири назаррас мерасонанд. Аз ин рӯ, андешидани чораҳои фаврӣ зарур аст. Маълумоти оморӣ ҷиддияти мушкилотро тасдиқ мекунад: 80% тағйироти иқлим дар Тоҷикистон бо об алоқаманданд. Барои ҳаллли ин масъалаҳо натанҳо ҳамкории миллӣ, балки минтақавӣ низ зарур аст», — таъкид кард Шоимзода.

Таъхир дар маблағгузории ташаббусҳои иқлимӣ

Ҷамшед Шоимзода таъкид дошт, ки талошҳои миллӣ дар самти мутобиқшавӣ муҳиманд, аммо барои мубориза бо мушкилоти глобалӣ ва минтақавӣ ҳамкории байналмилалӣ зарур буда, механизмҳои муштарак, аз ҷумла дастгирии молиявӣ, ташаббусҳои экологӣ ва рушди инфрасохтор, нақши калидӣ доранд.

Ба гуфтаи ӯ, маблағгузории саривақтӣ ва кофии иқлимӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим нақши асосӣ мебозад. Ӯ зикр кард, ки равандҳои интиқоли маблағ аз шарикони байналмилалии молиявӣ аксар вақт кашол меёбанд, ки ин чораҳои мутобиқшавиро ғайримақсаднок мегардонад.

Шоимзода таваҷҷуҳи Озарбойҷонро ба масъалаи маблағгузорӣ дастгирӣ карда, илова намуд, ки бидуни дастгирии фаврӣ ва дарозмуддат посухи муассир ба мушкилоти муосири иқлим ғайриимкон аст.

Дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон

Шоимзода ба соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон танҳо 5%-и иқтидори гидроэнергетикии худро истифода мебарад, дар ҳоле ки 95%-и энергияи истеҳсолшудаи кишвар аллакай «сабз» аст.

Зикр шуд, ки ташаббусҳои Озарбойҷон дар бораи бунёди «долони сабз» имкониятҳои содироти энергия аз Тоҷикистон ба Аврупоро фароҳам меоранд. Ҳамчунин кишварҳо истифодаи муштараки канданиҳои фоиданокро баррасӣ доранд.

«Мо ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоии рушди истихроҷи захираҳои маъданӣ қарор дорем, дар ҳоле ки Озарбойҷон дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад», — илова намуд Шоимзода.
Ҷамшед Шоимзода
Сурат аз торнамои report.az

Дар бораи ҳадафҳои Тоҷикистон дар COP29

Вазифаи асосии ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо буд. Бо ташаббуси Тоҷикистон соли оянда аз ҷониби СММ ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудааст.

Ба гуфтаи Шоимзода, баргузории чорабинӣ дар сатҳи баланд сурат гирифт.

«Ин чорумин конфронсест, ки ман иштирок мекунам ва сатҳи ташкили он воқеан таассуротбахш аст», — илова кард ӯ.

Шоимзода дар фарҷоми суҳбат зикр кард, ки Тоҷикистон ба мутобиқшавӣ бо мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим фаъолона идома дода, роҳи ҳалли мушкилотро дар ҳамкории зичи байналмилалӣ мебинад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.