Дар Тайиланд мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ (байдарка ва каноэ) баргузор шуд. Дар он қаиқронон байни калонсолон, ҷавонон ва наврасон дар масофаҳои 3400 ва 10000 метр барои медалҳо рақобат карданд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз варзишгарон Шаҳриёр Даминов, Амирҷон Бобоҷонов, Муҳаммадӣ Раҷабов, Бобоҷон Бобоҷонов ва Фирдавс Шарипов иборат буд.

Ҳамчунин ба ҳайат раиси Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон Файзулло Шарипов, мураббиён Зоҳирҷон Набиев ва Азизҷон Бобоҷонов шомил буданд.

Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа ҳамагӣ 7 медал - 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Қаиқронони тоҷик дар Тайиланд
Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон

Амирҷон Бобоҷонов дар масофаи 3400 ва 10000 метр байни калонсолон пирӯз шуд. Бобоҷон Бобоҷонов дар масофаи 3400 метр байни калосолон зинаи 3-юм ва дар масофаи 10000 метр - мақоми 2-юмро касб кард.

Ба гирифтани боз 1 медали тилло Муҳаммадӣ Раҷабов дар масофаи 10000 метр байни ҷавонон ва 2 медали биринҷӣ дар масофаҳои 3400 метр ва 10000 метр байни наврасон Фирдавс Шарипов даст ёфтанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш дар Самарарқанд Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ (байдарка ва каноэ) баргузор шуда, дар 400 варзишгар аз 57 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Мусобиқаҳои чемпионат дар ягона канали қаиқронӣ дар Осиёи Марказӣ гузаронида шуда, дар он барои дарёфти 20 маҷмӯи медалҳо (10-то дар қаиқронӣ ва 10-то дар қаиқронӣ дар каноэ) рақобат сурат гирифт. Мутааасифона, намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти медалҳо ноил нагардиданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.