Мақомоти Тоҷикистон ваъда медиҳанд, ки то дуним соли оянда камбуди мавсимии неруи барқро пурра аз байн мебаранд ва ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" ноил мешаванд. Оё расидан ба ин ҳадаф имконпазир аст?
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парламенти кишвар охири соли гузашта изҳор дошт, ки аз моҳи майи соли 2027 камбуди неруи барқ дар кишвар пурра аз байн бурда, шуда, ҷумҳурӣ ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" мерасад. Ин изҳоротро ӯ ба афзоиши истеҳсоли барқ дар Неругоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” ва дигар неругоҳҳои амалкунанда, инчунин бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ рабт дод.
Президенти кишвар зикр кард, ки айни замон бо арзиши умумии 7,6 млрд сомонӣ корҳо оид ба таъмиру навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум», инчунин сохтмони НБО-и «Себзор» идома доранд. Ба гуфтаи ӯ, аз ин ҳисоб танҳо дар соли 2025 иқтидори энергетикии мавҷудаи кишвар 180 мегаватт афзоиш меёбад.
«Дар баробари ин, – иброз дошт ӯ, – соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мешавад».
Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид намуд, ки «сохтмони НБО-и Роғун бо суръати баланд идома дошта», то имрӯз қариб 50%-и корҳои сохтмони ин неругоҳ анҷом ёфтаанд.
Президент Тоҷикистон зикр кард, ки барои ба итмом расондани сохтмони НБО-и “Роғун” аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд 3 млрд доллар, аз ҷумла 1,2 млрд доллар грант ҷалб карда мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, аллакай ба маблағи умумии тақрибан 1 млрд доллар бо 6 мададрасон созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки 350 млн доллари он грант мебошад. «Соли 2025 сармоягузорӣ аз ҷониби онҳо оғоз мешавад», – гуфт ӯ.
Вазорати энергетика тасдиқ мекунад
Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар баъд аз чанд рӯз изҳороти президенти кишварро дар як хабари сомонаи «Ховар» шарҳ дод.
Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, дар баробари таъмиру навсозии неругоҳҳои амалкунанда ва сохтмони неругоҳҳои нав, дар натиҷаи баланд шудани сатҳи об дар неругоҳи “Роғун”, самаранокии кори силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш беҳтар мешавад.
Дар Вазорат зиёд шудани истеҳсоли неруи барқро аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавагндаи энергия зикр кардаанд. Дар назар аст, ки то соли 2030 иқтидори истеҳсол аз ҳисоби чунин манбаъҳо то 1500 МВт расонида шуда, то охири соли 2027 қисме аз онҳо ба истифода дода мешавад.
Тибқи пешгӯии Вазорати энергетика, дар айни замон иқтидори истеҳсоли солонаи неруи барқ дар ҷумҳурӣ 22 млрд кВт-соатро ташкил дода, соли 2027 тибқи дурнамо 8 млрд кВт-соат зиёд шуда, ба 30 млрд кВт-соат баробар хоҳад гардид. Ҳамчунин кам намудани талафоти неруи барқ яке аз самтҳои муҳими ин самт зикр шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, дар 9 моҳи соли 2024 дар мамлакат 17,2 млрд кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардида, талафоти неруи барқ дар системаи энергетикӣ ба 3,3 млрд кВт-соат расид ё 19,4 фоизро ташкил дод. Яъне, панҷяки неруи барқи истеҳсолгардида талаф меёбад.
“Масъалаи паст намудани талафоти неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими соҳа ба ҳисоб рафта, дар ин самт таъмини чорабиниҳо тавассути татбиқи саривақтии лоиҳаҳои амалкунанда ба манфиати кор дониста мешавад”, - таъкид доштаанд дар Вазорат.
Ба иттилои Вазорати энергетика, дар ин замина бо мақсади кам намудани талафоти неруи барқ, дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара якчанд лоиҳаҳо мавриди амал қарор дошта, то соли 2027 бояд 100 фоизи муштариён бо ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ фаро гирифта шаванд.
“Татбиқи лоиҳаҳо дар ин самт имкон медиҳад, ки неруи барқи талафёбанда ба неруи барқи фоидаовар табдил дода шавад”, - илова кралдаанд дар Вазорат.
Ҳамааш ба истифодаи имконот вобаста аст
Коршиноси мустақили соҳаи энергетика Камолиддин Сироҷиддинов зимни мусоҳиба бо «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ барои пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти энергетикии кишвар дар ояндаи наздик, ҳамаи шароит, захираҳо ва имкониятҳои заруриро дорост. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ҳамааш ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза ин имкониятҳо истифода мешаванд.
Сироҷиддинов натанҳо дар бораи афзоиши иқтидори неругоҳи “Роғун”, балки доир ба татбиқи дигар лоиҳаҳо низ изҳори назар кард. Аз ҷумла, дар бораи лоиҳаҳои таъмиру навсозии неругоҳҳои “Норак” ва “Қайроққум”, инчунин мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои нав.
Дар мавриди неругоҳи “Роғун” коршинос зикр кард, ки тибқи маълумоти охир, агрегати сеюм соли 2028 насб мешавад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, аз ҳисоби баланд шудани сатҳи об дар обанбор, дар ду соли оянда иқтидори ҳар яке аз ду агрегати амалкунандаи неругоҳ метавонад ба 140-150 МВт расад. Ӯ таъкид кард, ки ҳоло онҳо бо иқтидори ҳадди ақалл (90 МВт ҳар кадоме) кор мекунанд. Ба ибораи дигар, иқтидори умумии ин агрегатҳо метавонад 100-120 МВт зиёд шавад.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2027 баланд бардоштани сарбанди неругоҳи “Роғун” (аз 1110 метр дар соли 2024) то ба 1185 метр аз сатҳи баҳр ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори агрегатҳои амалкунандаро ба таври назаррас зиёд мекунад.
Сироҷиддинов бо истинод ба маълумоти расмӣ гуфт, ки норасоии барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон тақрибан 2 млрд киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки онро бо зиёд намудани иқтидорҳои барқии пешбинишуда ҷуброн кардан мумкин аст. Ӯ илова намуд, ки ғайр аз ин, масъалаҳои марбут ба маблағгузории лоиҳаҳои номбаршуда барои солҳои наздик аллакай ҳалли худро ёфтаанд.
Бо вуҷуди ин, коршинос таъкид кард, ки масъалаҳои муҳиме ҳастанд, ки ҳукумат дар бораи онҳо ба таври ошкоро суҳбат намекунад. Ин пеш аз ҳама, таъмиру навсозии инфрасохтори энергетикии деҳот аст, яъне омода намудани он ба сарбории иловагӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон, ки маблағгузории назаррасро талаб мекунад.
Сироҷиддинов илова намуд, ки инфрасохтори фарсудашуда, ки қисман мероси Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) мебошад, аз ҷумла трансформаторҳо ва хатҳои интиқол, метавонад ба сарбории иловагӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон тоб наорад.
Баъзе шубҳаҳо ҳам ҳастанд
Дигар мутахассисон ба изҳорот дар бораи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ояндаи наздик бо шубҳаи зиёд менигаранд.
Умедҳо ба беҳбудии ҷиддии таъмини кишвар бо энергия дар солҳои наздик тавассути афзоиши иқтидори неругоҳи “Роғун”-ро онҳо ҳоло барвақт мешуморанд.
Маблағҳое, ки аз ҷониби мададрасонони хориҷӣ ҷудо мешавад, барои истеҳсоли ду агрегати навбатӣ равона гардида, насби онҳо танҳо дар соли 2028 оғоз хоҳад шуд. Ҳамзамон маблағҳо дар доираи қарордодҳои имзошуда (тақрибан 1 млрд доллар) ба таври марҳилавӣ, қисм-қисм ворид мешаванд. Масалан, дар соли 2025 ҷудо намудани ҳамагӣ тақрибан 220 млн доллар ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин масъалаи маблағгузории минбаъдаи лоиҳа тавассути қарзҳои имтиёзнок аз шарикони рушд саволҳо ба миён меорад. Гап сари он аст, ки ҷалби қарзҳо таносуби қарзи хориҷиро нисбат ба ММД зиёд мекунад ва мададрасонҳои байнулмилалӣ баъди аз 40% зиёд шудани ин нишондиҳанда, аз идомаи қарздиҳӣ ба кишварҳои сатҳи рушди Тоҷикистон даст мекашанд.
Ғайр аз ин, дар мавриди беҳбудии назарраси таъмини энергетикии ҷумҳурӣ бо насби неругоҳҳои офтобӣ дар ду соли оянда шубҳаҳо мавҷуданд, зеро лоиҳаҳо дар ин самт ҳанӯз дар марҳилаи мувофиқа бо мададрасонҳо қарор доранд.
Далели саҳми неругоҳи хурди «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ҷиддӣ дониста намешавад, зеро иқтидори насбшудаи ин неругоҳ ҳамагӣ 11 МВт-ро ташкил медиҳад.
Бо чунин иқтидор мушкили норасоии барқро дар минтақаҳои дурдасти ҳамин вилоят ҳал кардан мумкин аст. Инчунин эҳтимол таъмини ду ё се деҳаи ҳамсоя дар ҳудуди Афғонистон бо барқ имкон дорад, ки дар асл, мададрасонҳои аврупоии лоиҳа ба он умедворанд.
Дар робита ба масъалаи таъмиру навсозии неругоҳҳои “Норак” ва “Қайроққум” саволе ба миён намеояд, лекин ин иқтидорҳо ҳанӯз ба он миқдоре нестанд, ки вазъи таъмини кишвар бо барқро ба таври ҷиддӣ тағйир диҳанд (иқтидори неругоҳи “Норак” 40 МВт ва “Қайроққум” – 24 МВт зиёд мешавад).
Илова бар ин, сол то сол шумораи истеъмолкунандагони барқ босуръат меафзояд. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар соли 2024 дар ҷумҳурӣ 740 корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ таъсис дода шуданд ва табиист, ки истеъмолкунандагони иловагӣ мебошанд.
Шумораи истеъмолкунандагони маишӣ низ меафзояд – афзоиши аҳолии кишвар дар даҳсолаҳои охир 2,2%-ро ташкил медиҳад, ки баландтарин нишондиҳанда дар фазои пасошӯравӣ ва яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон мебошад.