Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони додситонӣ ҷашн гирифта мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 МАРТ
Соли 1942 – Зинаи аввали Комбинати нассоҷии Душанбе ба истифода дода шуд.
Соли 1955 – Боғи ботаникии Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба фаъолият шурӯъ кард.
Соли 1992 – Қонун “Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд, ки тибқи он мансаби прокурори генералӣ таъсис дода шуд ва аз ҳамон сол инҷониб 14 март Рӯзи кормандони прокуратура таҷлил карда мешавад.
Соли 1994 – Анҷумани аввали Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд.
Соли 2001 – Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон таъсис ёфт.
Соли 2007 – Суҳроб Қосимов аз мансаби фармондеҳи бригадаи алоҳидаи махсуси Вазорати корҳои дохилӣ канор дод.
Соли 2013 – Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон Протоколи муштаракро дар бораи ҳифзи қитъаҳои мушкили сарҳадӣ имзо карданд.
Соли 2016 – ҶДММ “Алиф-Сармоя” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ иҷозатнома гирифт.
Соли 2017 – Додгоҳи Олии Тоҷикистон вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро барои “беэҳтиромӣ ба суд” ба ду соли иловагии зиндон маҳкум кард, ки дар маҷмӯъ муҳлати ҷазояш ба 25 сол расид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1911 – Мавлуди Абдусалом Деҳотӣ, шоир, нависанда, дромнавис, луғатшинос ва арбоби давлатӣ.

Абдусалом Деҳотӣ, шоир ва пажӯҳишгари тоҷик аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи ХХ буда, дар Самарқанд зода шудааст. Ӯ дар таҳрири осори устод Айнӣ ва таҳияи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” саҳми босазо дорад.
Деҳотӣ солҳо дар Тоҷикистон фаъолият бурда, осори ғанӣ эҷод ва дастраси хонандагон кардааст. “Ҳаёт қадам мезанад”, “Бунафша, “Ҳадя ба хурдтаракон”, “Оби равон меояд” аз ин қабиланд.
Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад.
Дар офаридани асарҳои драмавӣ низ маҳорати беҳамто дошта, дар ҳамқаламии М.Турсунзода драмаи мусиқии “Хусрав ва Ширин”, мустақилона либреттои операҳои “Шӯриши Восеъ” ва “Комде ва Мадан”-ро навиштааст. Соли 1953 мазҳакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев”-ро ба қалам овардааст.
Абдусалом Деҳотӣ соли 1962 дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1948 – Мавлуди Мамадшо Илолов, риёзидон, собиқ президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон.
Соли 1957 – Мавлуди Ортиқ Қодир, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Ортиқ Қодир яке аз ҳунарпешагони маҳбуби тоҷик буда, бо садои марғубу нақшҳои муассир на танҳо дар фазои театру синамо мақом дорад, ҳамчунин нақши ӯ дар ҷараёни фарҳангии миллат низ сазовор арзёбӣ мешавад.
Ӯ шуъбаи ҳунарпешагии Донишкадаи давлатии санъат ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Шурӯъ аз солҳои донишҷӯӣ дар бисёр озмунҳо ва чорабиниҳои сатҳи баланд ба ҳайсӣ ровӣ ва ҳунарпеша иштирок кардааст.
Ҳунарпеша соли 1978 бо роҳхати Вазорати фарҳанг (ва дархости маъмурияти театр) ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор даъват шуда, дар тӯли фаъолияти худ дар соҳаи театр даҳҳо нақшҳо офаридааст. Нақшҳои Шаҳзода дар “Кӯзаи гӯё”, шоҳ дар “Бахтатро бедор кун”, вазири мушон дар “Қиссаи аҷибу ғариб”, Лоҳутӣ дар “Қиёми Лоҳутӣ”, Хоҷа Ҳофиз дар “Кабки қафас”, Рӯдакӣ дар “Рӯдакӣ” аз беҳтарин нақшҳои ҳунарпешаанд.
Ортиқ Қодир аз соли 1991 то соли 1995 дар симмати ҳунарпешагии Театри навтаъсиси намунавии миниатюрии “Оина”-и идораи фарҳанги шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 1996-2001 муовини сардабири ҳафтаномаи “Чархи гардун” буд.
Соли 1963 – Мавлуди Ҷумахон Файзализода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Соли 1970 – Зодрӯзи Ширин Исматуллозода, забоншинос, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз рӯзи таваллуди Алберт Эйнштейн – олими бузурги физика ва поягузори назарияи нисбият аст. Яке аз суханони маъруфи ӯ чунин аст: “Муҳим он аст, ки савол доданро бас накунӣ”. Ба ҳамин сабаб, 14 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии додани савол низ таҷлил мешавад.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии дарёҳо таҷлил мешавад. Пештар ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сарбандҳо маъруф буд. Онро соли 1997 дар Конфронси байналмилалии зидди сохтмони сарбандҳои бузург дар шаҳри Куритибаи Бразилия таъсис доданд. Шиори ин рӯз “Барои рӯдхонаҳо, об ва ҳаёт!”.

14 марти соли 1956 ширкати амрикоии "Ampex" аввалин сабти видеоиро намоиш дод. Ин ширкат аввалин видеомагнитофонро дар таърих намоиш дод. Ширкатро соли 1943 муҳоҷири рус Александр Понятов таъсис додааст. Видеомагнитофони аввалине, ки ин ширкат истеҳсол кард, намуди катушкӣ (тасмавӣ) дошт ва 14 марти соли 1956 ба намоиш гузошта шуд. Ин дастгоҳ танҳо барои истифодаи касбӣ дар студияҳои телевизионӣ пешбинӣ гардида буд.

Видеомагнитофони "Ampex" дар Иттиҳоди Шӯравӣ рақобати ҳасудонаеро ба вуҷуд овард. Соли 1958 Никита Хрушёв аз намоишгоҳи амрикоӣ, ки дар Маскав баргузор мешуд, боздид кард. Вақте, ки ӯ сабти мулоқоташро бо сафири ИМА дид, фавран амр дод, ки видеомагнитофони шабеҳе таҳия шавад, ки аз ин камӣ надошта бошад. Пас аз ду сол аввалин видеомагнитофони шӯравӣ бо номи “Кадр” истеҳсол шуд ва то давраи бозсозӣ (перестройка) дар СССР истеҳсол мегардид.
14 марти соли 1900 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико “стандарти тиллоӣ” ба расмият дароварда шуд. Ин низоми молиявиест, ки дар он тилло ҳамчун асоси муомилоти пулӣ ва ченаки арзиши умумӣ хизмат мекунад.

14 март ҳамчун Рӯзи ихтирои бутерброд ҳисобида мешавад. Маълумоти дақиқ дар бораи пайдоиши ин ғизо мавҷуд нест. Бархе онро ба яҳудиёни қадим рабт медиҳанд, ки дар матзо (нонҳои тунуки анъанавӣ) порчаҳои хӯрокҳои гуногун мегузоштанд. Дигарон ба нони чапатии ҳиндӣ ишора мекунанд, ки барои гузоштани гӯшт, моҳӣ ва дигар маҳсулот истифода мешуд.

Даниягиҳо бутербродро ихтирои худ мешуморанд – онҳо онро маъмулан бо пиёз ва моҳии дуддодашуда омода мекунанд. Шведҳо низ даъвои ихтирои бутербродро доранд, зеро он ҷузъи ҷудонашавандаи “столи шведӣ” аст. Англисҳо ихтирои бутербродро ба ҳамватани худ Ҷон Сэндвич нисбат медиҳанд. Тибқи ривоят, ӯ иштиҳои хуб дошт ва метавонист соатҳои дароз порчаҳои нонро, ки дар байни онҳо гӯшт бо равған ҷойгир буд, истеъмол кунад.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 14 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 3+8º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 11+16º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард, рӯзона -3+2º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 5+7º гарм.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста