Сарфи назар аз чолишу мушкилоти нав, соли гузашта барои "Азия-Плюс" пурмаҳсулу бобарор буд. Мо аз озмоишҳо гузашта, гоҳе ба иштибоҳҳо роҳ дода бошем ҳам, лекин ҳамеша пеш рафта, талош варзидем, ки беҳтар шавем. Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик аз бурду бохти “Азия-Плюс” дар соли 2024 маълумот медиҳем.
То 200% зиёд шудани обуначиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо солро бо корбарон (аудитория)-и 1,15 млн нафар оғоз намуда, бо 1,51 млн нафар обуначиён ба анҷом расонидем. Ин танҳо рақамҳои холӣ набуда, маънои онро доранд, ки боз қариб 400 ҳазор нафар (!) “Азия-Плюс”-ро ба сифати манбаи иттилоъ интихоб кардаанд.
Миннатпазирем! Мо ба ин арҷ гузошта, онро қадр ва масъулияти худро назди мардум ба хубӣ дарк мекунем.
Telegram
Telegram – ситораи мост. Шабакаи тоҷикзабони мо беҳтарин афзоишро миёни ҳамаи платформаҳо нишон дод — +218%. Агар дар аввали сол аз он 9 ҳазор корбарон истифода мебурданд, пас дар охири сол ин нишондиҳанда қариб ба 30 ҳазор нафар расид.
Дар ҳамин ҳол, шабакаи русзабон 50% зиёд шуд, давоми сол сафи корбарони он 26 ҳазор нафар афзуда, ба нишондиҳандаи 80 ҳазор нафар наздик мешавад. Ин шабака ба писандидатарин байни шабакаҳои иттилоотии Тоҷикистон табдил меёбад.
Ғайр аз ин, сафи корбарони шабакаҳои телеграми "Радио Азия-Плюс" ва "Asia Plus Business" низ дар ҳоли афзоиш аст.
Instagram низ моро хушнуд кард: теъдоди корбарони саҳифаи радио 194% зиёд шуда, қариб ба ҳудуди 40 ҳазор нафар обуначиён расид. Дар саҳифаи тоҷикӣ теъдоди корбарон 83% афзуд - аз 105 ҳазор обуначиён дар аввали сол то қариб 200 ҳазор дар охири сол. Сафи корбарони Саҳифаи русзабон 12% афзуда, марзи 360 ҳазор нафар обуначиёнро убур кард.
Натиҷаҳо дар Facebook начандон зиёданд, лекин муҳимаш он аст, ки тамоили афзоиш боқӣ мемонад. Дар Саҳифаи тоҷикӣ 48% афзоиш ба қайд гирифта шуда, теъдоди корбарон ба 50 ҳазор нафар расид. Теъдоди корбарон дар саҳифаи радио 40% зиёд ва аудитория то 40 ҳазор нафар расид. То охири сол теъдоди корбарон дар саҳифаи русзабони мо аллакай ҳудуди 228 ҳазор нафарро ташкил дод.
YouTube
Платформаи асосии видеоии мо 36% афзоишро нишон дода, ба зиёда аз 300 ҳазор нафар обуначиён расид. Дар шабакаи Asia-Plus TV-и мо мусоҳибаҳои ошкоро бо ситораҳои эстрада ва дигар шахсиятҳои маъруф хеле писандидаанд. Онҳоро то 300-500 ҳазор нафар тамошо карда, баъзе пораҳои кӯтоҳи онҳо (YouTube shorts) сербинандатарин мешаванд - то 1,5-2 млн нафар тамошобинон.
TikTok
Мо дар шабакаи барои ҷавонони TikTok низ саҳифа дорем, ки ҳоло дар ин платформа худро санҷида истодаем. Сафи корбарони он давоми сол 102% афзуда, қариб 60 ҳазор нафар обуначиёнро аз минтақаҳои гуногуни кишвар муттаҳид месозад.
Сомона: +20% сарфи назар аз қатъи дастрасӣ
Бо вуҷуди дар дохили кишвар қисман қатъ шудани дастрасӣ ба сомонаи мо, он натииҷаи хуб нишон дод.
Давоми сол 16,5 млн нафар аз сомонаи мо боздид кардаанд, ки 20% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст. Теъдоди корбарони хос 15% зиёд шуда, ба 6,48 млн нафар расид. Шумори боздид аз саҳифаҳо 14% афзуда, 27,7 млн ададро ташкил дод. Ба ҳисоби миёна ин маънои ҳудуди 20 ҳазор корбарони хос, 46 ҳазор вуруд ва 80 ҳазор боздид дар як рӯзро дорад.
Аз рӯи натиҷаҳои сол дастгоҳи асосие, ки аз он барои боздид аз сомонаи мо истифода мебаранд, телефонҳои ҳамроҳ ё худ мобилӣ (84,4%) мебошанд. Тариқи компютер 14,7%-и корбарон ба сомонаи мо ворид мешаванд.
Хадамоти тоҷикӣ
Соли гузашта мо яке аз вазифаҳои асосии чанд соли охир - ташкили хадамоти қавии забони тоҷикиро муваффақона ба анҷом расонидем. Ҳанӯз чанд сол пеш дар хадамоти забони тоҷикии "Азия-Плюс" танҳо як корманд фаъолият мекард, ки ба тарҷумаи хабарҳо аз забони русӣ ба тоҷикӣ машғул буд.
Имрӯз хадамот ва ҳайати таҳририяи тоҷикзабони "Азия-Плюс" ба як воҳиди мукаммал ва дастаи ягонаву муттаҳид бо муҳаррирон, рӯзноманигорон ва мутахассисони СММ табдил ёфтааст.
Хадамоти тоҷикии “Азия-Плюс” муҳтавои сифатнок дар мавзӯъҳои рӯзмарраро таҳия мекунад, аз ҷумла ахбор, маводи таҳлилӣ, гузоришу мусоҳибаҳо бо шахсони ҷолиб, маводи видеоӣ ва аудиоӣ. Натиҷа ин аст, ки аудиторияи тоҷикии мо дар сомона дар тӯли як сол 15% афзоиш ёфта, теъдоди обуначиён дар саҳифаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоии мо 184% ё 122 ҳазор нафар зиёд шуд.
СММ
Дар рушди хадамоти СММ (маркетинг (бозорёбӣ) дар шабакаҳои иҷтимоӣ) давоми сол мо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Афзоиши корбарони мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба андозаи қариб 400 ҳазор нафар гувоҳи барҷастаи он аст. Ин таваҷҷуҳи шарикон-рекламадиҳандагони моро ба ҳамкорӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои шарикӣ зиёд мекунад. Миёни онҳо метавон аз бахшҳои нав, аз қабили “Сайёҳи рӯзи истироҳат”, “Авто+”, “Пурсидед - ҷавоб медиҳем”, “Чӣ бояд кард?” ва ғайра ном бурд.
Радио 107FM
Радиои “Азия-Плюс” 107FM - аввалин радиои мустақил дар Душанбе - соли гузашта мавқеи пешсафӣ дар радиоҳои тоҷикзабонро нигоҳ дошт. Шоуҳои нави мо акнун натанҳо дар эфир, балки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ садо медиҳанд, ки сафи шунавандагони моро чандин маротиба зиёд мекунанд. Ҷойе, ки аудитория зиёд аст, он ҷо реклама низ ҳаст. Тасодуфӣ нест, ки Радиои 107FM майдони серталабтарин барои рекламадиҳандагони тоҷик боқӣ мемонад. Соли 2024 ба сафи кормандони радиои мо ровиёни маъруф ҳамроҳ шуданд. Чорабиниҳои хурду бузурги Радиои “Азия-Плюс” ҷиҳати фараҳу хушнудӣ бахшидан ба сокинони Душанбе идома доранд. Моҳи декабр маросими навбатии мусиқии Tarona Music Award ва рӯзи 8 март иқдоми анънавии мо барои модарони пойтахт - “Автобуси модарон” муваффақона доир гардиданд. Ва боз моро дар пеш ҷашни Наврӯз ва боз бисёр дигар чорабиниҳои ҷиддӣ ва фароғатӣ интизоранд.
Газета
Сарфи назар аз пешгӯиҳои чандинсолаи ноумедона дар бораи аз байн рафтани нашрияҳои чопӣ, газетаи мо имсол 25-солагиашро ҷашн гирифт ва то ҳол барои хонандагон ва рекламадиҳандагон муҳиму рӯзмарра боқӣ мемонад.
Бале, аудиторияи нашрия кам шуд, лекин ҷиҳати мусбати он сифаташ аст. Имрӯз нашрияро шахсони синни аз 45 то 60-сола мутолиа мекунанд. Ин синнусолест, ки шахс маъмулан дар касбу кор ва ихтисосаш ба комёбиҳо даст ёфта, дар як вазъияти устувори молиявӣ қарор мегирад.
Аз ин рӯ, миёни хонандагони содиқи мо роҳбарони сохторҳои давлатӣ, тиҷорат ва намояндагони зиёиён ҳузур доранд.
Боз чӣ?
Соли 2024 ба ҷорисозии ҳуши маснӯӣ дар кори ширкат оғоз намуда, аллакай ба натиҷаҳои хуб ноил гардидем. Дар соли 2025 мо рушди ин самтро идома дода, бо ин мақсад мутахассисони соҳибтаҷрибаро аз соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT) ҷалб кардем.
Дар ҳамаи сохторҳои ширкат мудом беҳтар кардан ва қависозии ҳайти кормандон идома дорад: хадамоти русзабон, хадамоти видео, хадамоти иттилоотӣ. Ҳамаи ин воҳидҳо дар давоми сол ба натиҷаҳои хуб даст ёфтанд. Илова бар ин, дар ҳамаи воҳидҳо озмоишҳо гузаронида шуда, лоиҳаҳои махсус, бахшу шаклҳои нави пешниҳоди мавод роҳандозӣ мешаванд.
Қобили зикр аст, ки хадамоти иттилоотии нав охири соли 2024 таъсис дода шуд. Вазифаҳои он аз инъикоси фаврии рӯйдодҳои кишвар, минтақа ва ҷаҳон дар Telegram ва дигар платформаҳои “Азия-Плюс” иборат аст.
Ташаккур!
Бо истифода аз фурсати қулай ба ҳамаи кормандони гурӯҳи расонаҳо - муҳаррирон, рӯзноманигорон, тарҷумонҳо, ровиёни радио, мутахассисони СММ, маъмурони платформаҳо, маркетологҳо, танзимгарони видео, менеҷерони фурӯш, мутахассисони HR ва муҳосибон ва ҳамаи он касоне, ки ба кори умумии мо саҳму мегузоранд, изҳори миннатдорӣ мекунем. Аз ҳамаи узви даста барои заҳмати фидокорона ва ҷидду ҷаҳд миннатпазирем.
Сипоси беҳад ба корбарон ва шарикони мо! Ташаккури зиёд барои он, ки моро мутолиа ва тамошо мекунед, маводи моро мубодила ва “Азия-Плюс”-ро дастгирӣ менамоед. Ба туфайли шумо пешрафту рушди мо идома меёбад. Дар ҳамроҳӣ мо натанҳо як гурӯҳи расонаҳо, балки як нерӯи мусбатем, ки ба рушди ҷомеа ва кишвар равонаем.
Аз комёбиҳои соли гузашта саргаранг нестем ва азму рӯҳияамон корӣ буда, дар фатҳи қуллаҳои нав талош мекунем ва бо ин мақсад пешорӯи худ дар соли ҷорӣ вазифаҳои нав мегузорем.
Барои шумо муҳтавои дорои маводи фаврӣ ва хушсифат таҳия мекунем. Ба рекламадиҳандагон бошад, дар пешбурди пурсамари молу маҳсулоташон барои аудиторияи ҳадафнок кумак хоҳем кард.
Оянда мову шуморо боз бисёр чизҳои ҷолиби дигар интизор аст!