Дирӯз, 13-уми март, ду гузаргоҳи сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – “Гулистон”-у “Қизилбел” ва “Маданият”-у “Қайрағоч” - пас аз чор соли баста будан, боз шуданд. Ин гузаргоҳҳо пас аз муноқишаи хунини моҳи майи соли 2021 якҷониба аз сӯйи Қирғизистон баста шуда буданд. Дубора бозшавии марз дар арафаи ҷашни Наврӯз ва бо иштироки маҷозии сарони ду кишвар сурат гирифт.
Дар ин рӯз гузаргоҳи “Гулистон”-и шаҳри Исфара ва “Қизилбел”-и ноҳияи Боткан бо иштироки роҳбарони вилояти Суғд ва вилояти Боткан расман кушода шуд. Дар лаҳзаи бозкушоии гузаргоҳ садҳо тан аз ҳарду кишвар ширкат варзиданд.
Сокинони наздимарзӣ, хешону пайвандон, волидону фарзандон, дӯстону ҳамсоягоне, ки чор сол аз ҳам ҷудо буданду муштоқи дидор гаштаанд, бо ашкҳои шодӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ ва рақсу бозӣ якдигарро истиқбол карданд. Лаҳзаҳои ба оғӯш кашидану ашк рехтан, гулҳои баҳорӣ ҳадя кардан ва аксҳои хотиравӣ гирифтан фазое пур аз шодиву фараҳ офарид.
Мардуми шаҳри Исфара барои ҳамсоягони қирғизашон дастурхони идонаю наврӯзӣ ороста, меҳмононро бо нону намак пешвоз гирифтанд. Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ ба меҳмонон пешкаш шуд. Барномаҳои фарҳангӣ бо сурудҳои тоҷикию қирғизӣ ҳавои маросимро гарм кард.
Кӯдакону наврасон бо қабои идона ба ҳарду раисони вилоёти Суғду Боткан бойчечак ва гулҳои баҳорӣ ҳадя карданду дар васфи сулҳу оромӣ, дӯстию рафоқат ва баҳору наврӯз шеърҳо хонданд.

Дар ҷавоб, сокинони Боткан низ дастурхони идона оростанд. Раисону ду вилоят ва дигар масъулон сари деги суманак ҷамъ шуданд ва барои абадӣ мондани дӯстию ҳамсоядорӣ дасти дуо бардоштанд. Ҳамсоягони қирғизи мо низ хӯрокҳои миллии худро пешкаш карданд ва суруду мусиқии қирғизӣ садо доданд.
“Ҳамсояро интихоб намекунанд” ва “бозору мазори мо як аст”
Насрулло Азизов, сархатиби масоҷиди шаҳри Исфара, ки дар ин маросим ширкат дошт, бо шодмонӣ гуфт, ки “имрӯз хандаи беғаш дар лаби хурду бузурги ду кишвар ҳувайдост, зеро имрӯз баробари кушодашавии марз орзуи чандсолаи халқҳои тоҷику қирғиз ҷомаи амал пӯшид”.
“Шарофати моҳи мубораки Рамазон ҳам буд, ки маҳз дар ин моҳи нек ин амалӣ накӯ иттифоқ афтод. Тоҷику қирғиз ду халқи дӯсту бародар аст. Ҳасмояро интихоб намекунанд, ҳамсоя доди Худо аст”, - гуфт имомхатиби масҷиди Исфара.

Саида Садирбекова, сокини 65-солаи ноҳияи Боткани Қирғизистон, дар рӯзи кушодашавии марз барои пойдории ҳамсоядорӣ омада буд. Ин зан, ки либосҳои миллии қирғизиро ба намоиш мегузошт, гуфт, “шояд либоси мо, забони мо фарқ кунад, аммо дину оин, расму русум, ҳатто бозори мазори мо як аст”.
“Дар умрам бори аввал ин гуна фазои шодмониро дидам. Мардум аз шодӣ дар куртаи худ намегунҷанд, ашк мерезанд, рақсу бозӣ доранд. Магар ба дӯстӣ, сулҳ ва шодӣ чизе баробар шуда метавонад? На, асло на!”, - таъкид кард зани қирғиз.
Ӯ афзуд, ки “мо ду халқи аз қадим дӯсту бародар будем, дар миён як фалокату балое шуду риштаи дӯстии моро барои 4 сол канд. Шукр, оҳи шабонарӯзии мардумро Худо шунид ва ин риштаро аз нав пайваст”.

“Мо барои васл кардан омадем...”
Исроил Файзиддинов, сарояндаи шинохтаи тоҷик, ки зодаи шаҳри Исфара аст, дар кушодашавии марз дар қатори садҳо сокини ин шаҳр иштирок дошт. Ӯ гуфт, “мақсади мо ва ҳамсоягони қирғизамон ҳамагӣ дӯстию пайвандӣ аст, зеро ҷое, ки суҳлу тинҷӣ ҳаст, арзонию фаровонӣ ҳам мешавад”.
“Чаҳор сол сокинони ду кишвар соат ба соат интизори пайки хуш аз сарҳад буданд. Имрӯз ин паёми нек ба ҳама расид ва худи фазо шаҳодат аз шодии ҳарду ҷониб медиҳад”, - афзуд овозхони тоҷик.
Ӯ аз қавли Мавлоно гуфт:
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.

“Шодӣ сабрамро рабурд”
Абдусалам Умриузоқови 83-сола аз Қизилбели ноҳияи Ботканди Қирғизистон аст. Ин мард мегӯяд, ки мисли дигар сокинони қирғизтабор кушодашавии гузаргоҳро интизорӣ дошт.
Ин пирамарди қирғиз мегӯяд, “хабари дар нисфирӯзӣ расман кушода шудани марзро шунидам, вале аз шодӣ дар худу дар хонаам наҷунҷида, аз саҳар ба пешвози ҳамсоягони тоҷикам шитофтам”.
Ӯ бо нишонаи эҳтиром ба забони давлатии мо гуфт, “агарчӣ бо забони тоҷикӣ озод ҳарф зада натавонам, лекин тоҷикиро мефаҳмам”.

“Ҳалли мушкили садсолаи халқи тоҷику қирғиз”
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд пас аз бозшавии марз дар баромади худ гуфт, ки “аз баста будани марз халқи ду давлат азият мекашиданд, имрӯз мушкилу муаммои садсолае, ки байни халқи тоҷику қирғиз буд, пурра ҳалли худро ёфт. Ин рӯзро аз ҳама бештар мардуми вилояту Суғду Ботканд бештар интизор доштанд”.
Ойбек Шаменов, раиси вилояти Бодканд, ба идомаи ҳамкории судманди ду кишвар ва ҳамсоядории нек изҳори умед карда, гуфт, “мардуми вилоятҳои Суғду Бодканд аз як дарё об мехӯранд, аз як ҳаво нафас мегиранд, таъриху анъанаҳои қадимии мо ҳам ба ҳам якгуна аст. Ин ҳама омилҳо боз ҳам бештар моро ба ҳам мепайвандад”.
Ёдовар мешавем, ки миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 5 гузаргоҳи сарҳадӣ амал мекард. Аммо он ҳама соли 2021 аз сӯйи кишвари ҳамсоя баста шуд.
Акнун пас аз 4 фаъолияти ду гузаргоҳ дубора барқарор карда шуд. Раисони вилоятҳои Суғду Бодканд гуфтанд, ки минбаъд гузаргоҳҳо мисли пешина бетанаффус кор мекунад ва барои таъмини зиндагии шоистаи халқ гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар мисли пешина ба роҳ монда мешавад.
Ҳоло маълум нест, ки се гузаргоҳи дигар расман кай ба кор оғоз мекунанд, аммо сокинони маҳалҳои марзии ду кишвар бовар доранд ва умед бастаанд, ки онҳо низ дар фурсати наздик дубора боз мешаванд ва дигар ҳеҷ гоҳ баста намешаванд.
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста