Музди меҳнати омӯзгор дар Тоҷикистон ба ҳисоби мииёна 1646 сомонӣ (каме бештар аз 150 доллар) мебошад, ки аз маоши омӯзгорон дар кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас камтар аст.
Маоши паст яке аз сабабҳои асосии соҳаи маорифро тарк кардани муаллимон ва паст рафтани сифати таълим шудааст.
Барои муқоиса, вазъи даромади омӯзгорон дар дигар кишварҳои минтақа тариқи зайл аст:

Мақоми омӯзгор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
Мақомоти Тоҷикистон роҳандозии ислоҳот дар низоми маорифро тавассути қабули қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” ба нақша гирифтаанд. Муқаррароти муҳими қонун иборатанд аз:
- манъи ҷалби омӯзгорон ба фаъолияти ғайрикасбӣ (масалан, тозакунии қаламрав, корҳои кишоварзӣ ва ғайра);
- маҳдуд кардани дахолати беруна ба раванди таълим. Аз ҷумла, ҳатто вазири маориф бидуни иҷозаи омӯзгор наметавонад ба синф ворид шавад);
- бештар кардани шароити кори омӯзгорон.
Қазоқистон
Мақоми омӯзгор дар ин кишвар мувофиқи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” (соли 2019 қабул шудааст) танзим мешавад. Дар он, аз ҷумла пешбинӣ шудааст:
- cанҷиши ҳатмии сатҳи касбӣ (аттестатсия);
- такмили ихтисос;
- ҷавобгарии интизомӣ барои нақзи ахлоқи омӯзгор;
- кафолатҳои давлатӣ ва ҳифз аз ҷониби давлат.
Ӯзбекистон
Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” (соли 2024) кафолат медиҳад ба:
- вақти кории кӯтоҳ;
- рухсатии дарозшудаи музднок то 56 рӯзи тақвимӣ;
- бепул таъмин кардан бо дастурҳои таълимӣ;
- ҳимояи шаъну эътибори омӯзгорон аз ҷониби давлат.
Қирғизистон
Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” (соли 2001) муайян мекунад, ки омӯзгор шахси дорои ихтисоси дахлдор аст, ки дар системаи таълими умумӣ, томактабӣ ва ғайримактабӣ фаъолият мекунад.
Дар қонун ҳимоя аз ҳуқуқи омӯзгорон пешбинӣ шуда, имкони баланд бароштани сатҳи касбӣ ва такмили ихтисос кафолат дода мешавад.
Туркманистон
Омӯзгорон дар ҳар панҷ сол ҳатман аз санҷиши сатҳи касбӣ (аттестатсия) мегузаранд. Категорияҳои касбӣ (якум, дуюм, олӣ) бар асоси собиқаи корӣ дода мешаванд.
Ҳамчунин дар ин кишвар талабот ба симои зоҳирии омӯзгорон амал мекунад.






Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста