Дар Душанбе рӯзи 15 январ форуми тиҷоратии Тоҷикистону Эрон баргузор шуда, дар ҷараёни кори он 13 созишномаи ҳамкорӣ байни кишварҳо дар самтҳои гуногун ба имзо расид. Дар ин бора хабаргузории IRNA иттилоъ медиҳад.

Дар бораи ба имзо расидани чӣ гуна санадҳо ва байни кадом ширкатҳо мушаххасан хабар дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки форум дар доираи сафари президенти Эрон ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 15-16 январ сурат мегирад, баргузор шуд.

Ҳайати Эронро вазири мероси фарҳангӣ, касбу ҳунарҳо ва сайёҳии Эрон Ризо Солеҳ Амирӣ раҳбарӣ мекард. Ӯ хабар  дод, ки ҳамасола ҳудуди 8 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Эрон ва 8,5 ҳазор шаҳрванди Эрон - аз Тоҷикистон боздид мекунанд. Вазир зикр кард, ки ҷонибҳо ҷиҳати зиёд кардани сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандон то 100 ҳазор дар як сол ба мувофиқа расиданд.

Рушди бахши сайёҳиро ӯ ҷанбаи муҳими ҳамкориҳои дуҷониба номида, ба ақидаи ӯ, он ба ҳавасмандсозии тиҷорат ва фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ кумак мекунад.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар бораи имконоти сармоягузории Тоҷикистон маълумот дода, зикр кард, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарин барои сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ буда, иқтисоди кишвар ҷараёни мусбати рушдро нишон медиҳад. Солҳои ахир сатҳи рушди воқеии ММД зиёда аз 8%-ро ташкил медиҳад.

Раҳимзода таъкид дошт, ки кишвар дорои имконоти бузурги иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, аз ҷумла захираҳои бойи табиӣ - обу энергия, минералҳои кӯҳӣ, инчунин саноат, бахши кишоварзӣ ва соҳаи сайёҳии рушдёфта аст.

Президенти Палатаи савдо ва саноат, истихроҷи кӯҳӣ ва кишоварзии Эрон (ICCIMA) Самад Ҳасанзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки Эрону Тоҷикистон дар соҳаҳое ба мисли лоиҳакашии технологӣ, нафту кимиё, нафту газ, дорусозӣ ва сайёҳии тиббӣ метавонанд ба ҳамкориҳо густариш бахшанд.

Ғайр аз ин, Ҳасанзода зикр кард, ки муаррифӣ ва пешбурди маконҳои сайёҳии тамошобоби ҳарду кишвар муҳим буда, аз тасмими чанде пеши мақомоти Эрон дар бораи бекор кардани реҷаи раводид (виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистон ёдовар шуд. Номбурда илова намуд, ки ин қарор имкон медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон озодона ба сайру саёҳати Эрон раванд.

Палатаи савдо ва саноати Эрон ҷиҳати дастгирии соҳибкорони тоҷик ва мусоидат ба афзоиши савдо миёни кишварҳо омодагӣ изҳор намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.