Сафари давлатии раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, мулоқот ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, имзои 23 санади ҳамкорӣ, ба қавли таҳлилигари тоҷик, дар шароите сурат мегирад, ки ҷумҳурии исломӣ дар натиҷаи таҳаввулоти Ховари Миёна ва таҳримҳои давлатҳои ғарбӣ ба ҷустуҷӯи шарикони нав баромадааст.
Таъсири низоъ дар Ховари Миёна?
Таҳлилгари тоҷик Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, беҳбуди равобити Душанбеву Теҳрон аз соли 2019 оғоз шуда, акнун бо сафари раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён беш аз пеш суръат хоҳад гирифт.
Ӯ мегӯяд, “дар ҳошияи ин сафар чанде аз ниҳодҳои эронӣ дар Тоҷикистон бозкушоӣ шуд, ки нишони боз ҳам беҳтар шудани равобит гуфта метавонем”.
Аммо Қосим Бекмуҳаммад сабаби таваҷҷӯҳи Эрон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа ба Тоҷикистонро чунин шарҳ медиҳад: “Вазъияте, ки ҳоло дар Ғарби Осиё ё худ дақиқтар дар Ховари Миёна ҳоким аст, эҳтимоли шиддат гирифтани таҳримҳои Ғабр алайҳи Эронро зиёд мекунад. Ин вазъ боиси он шудааст, ки Эрон ба кишварҳои шарқӣ, ба вижа ба Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.
“Бо ин эҳтимолот Теҳрон ногузир аст, ки ҳамкориҳоро ба кишварҳои шарқӣ ва осиёӣ, ба вижа Тоҷикистон тақвият бахшад. Нигоҳи мусбат ба Осиёи Марказӣ, хосатан ба Тоҷикистон заминасози ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталиф шуда метавонад”, - мегӯяд коршиноси тоҷик.
Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, “имзои 23 санади ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ва имзои 13 санади иқтисодиву тиҷорӣ нишондиҳандаи иродаи ду тараф ба таҳким ва густариши ҳамкориҳост”.
Ба гуфтаи таҳлилгар, ниёзҳои мутақобили ду кишвар боиси тақвияти равобит, аз ҷумла лағви раводид ва содасозии расмиёти гумрукӣ шудааст.
Тоҷикистону Эрон дар кадом самтҳо ҳамкориро тақвият медиҳанд?
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон метавонад аз зарфиятҳои илмӣ, фаннӣ ва иқтисодии Эрон баҳра барад, дар ҳоле ки Эрон ба шарики боэътимод дар Осиёи Марказӣ ниёз дорад.
Имрӯз чаҳор муассисаи бузурги илмии Тоҷикистон бо Пажӯҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Эрон созишнома имзо карданд. Ин дар ҳолест, ки таҳримҳо имкони ҳамкории Эронро бо марказҳои илмии Ғарб маҳдуд кардаанд.
Дар бахши иқтисод таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди нақлиёт ва транзит тавассути бандари Чобаҳор равона шудааст. Ин бандар барои Тоҷикистон роҳи баромад ба баҳр ва барои Эрон имкони густариши нуфуз дар Осиёи Марказӣ фароҳам меорад.
Ҳамзамон, ҳамкории гумрукӣ ва тиҷоратӣ метавонад ба коҳиши таъсири таҳримҳо ба иқтисоди Эрон мусоидат кунад.
Бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар Душанбе пас аз 6 соли таваққуф низ рӯйдоди рамзист. Ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ низ ҷолиби таваҷҷуҳ аст.
Дар шароите ки ширкатҳои ғарбӣ бо Эрон ҳамкорӣ намекунанд, Теҳрон метавонад таҷриба ва технологияҳои худро ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Ин ҳам ба рушди соҳа дар Тоҷикистон мусоидат мекунад ва ҳам ба Эрон имкони густариши бозори маҳсулоти технологӣ медиҳад.
Қарордодҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҳамкории марказҳои хун ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи тиб нишон медиҳад, ки ҳамкориҳо фаротар аз сиёсату иқтисод мераванд. Эрон, ки дар соҳаи тиб ва дорусозӣ пешрафтҳои назаррас дорад, метавонад ба рушди тибби Тоҷикистон мусоидат кунад.
Дар маҷмуъ, таҳкими равобити Теҳрону Душанбе нишон медиҳад, ки ҳарду кишвар дар шароити мураккаби байналмилалӣ ба ҳамкории наздик манфиатдоранд. Барои Эрон ин роҳи коҳиши таъсири таҳримҳо ва ёфтани шарикони нав аст, барои Тоҷикистон бошад - имкони истифода аз зарфиятҳои илмӣ, фаннӣ ва иқтисодии ҳамсояи ҷанубӣ.
Самтҳои асосии ҳамкорӣ
Таҳлили санадҳои имзошуда нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои Тоҷиикистону Эрон дар самтҳои зерин тақвият хоҳанд ёфт:
1. Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ
- Рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор;
- Ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
- Тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳӣ;
2. Илм ва технология
- Ҳамкории донишгоҳҳо дар соҳаи генетика ва биотехнология;
- Рушди технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ;
- Табодули таҷриба дар соҳаи омор ва стандартизатсия;
3. Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ
- Ҳамкорӣ дар соҳаи тиб ва интиқоли хун;
- Дастгирии гурӯҳҳои осебпазир;
- Мубодилаи таҷриба дар соҳаи беҳдошти чорво;
4. Фарҳанг ва маориф
- Бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ;
- Ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ;
- Табодули таҷриба дар соҳаи бойгонӣ ва китобдорӣ;
5. Иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
- Ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ;
- Ҳамкорӣ дар масоили занон ва оила;
Ҳама санадҳои имзошударо дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Ёдовар мешавем, ки Масъуд Пизишкиён шоми дирӯз, 15-уми январ, бори аввал ба Тоҷикистон омад ва сафари ӯ ду рӯз давом хоҳад кард. Ӯ рӯзи 17-уми явар аз Душанбе ба Маскав меравад.
Пагоҳ субҳ Масъуд Пизишкиён аз Тоҷикистон меравад. Ҳаракат дар кадом роҳҳо маҳдуд мегардад?
Дар Ӯзбекистон барои рондани скутер “права” доштан ҳатмӣ шуд. Дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя чӣ?
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Миёни Тоҷикистону Эрон 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
“Мардҳоро таҳрик медиҳанд”. Толибон дар як вилояти Афғонистон наттоқии занон дар телевизионро манъ кардаанд
“Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Аз 5-уми феврал феҳристи электронии муҳоҷирони ғайриқонунӣ фаъол мешавад
“Душанбе-пойтахти забони форсӣ дар Осиёи Миёна”. Маҳфили шеъру адаби Тоҷикистону Эрон ва бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар Душанбе
Тоҷирони Эрону Тоҷикистон 13 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҲАМОС ва Исроил барои оташбас дар Ғазза мувофиқа кардаанд
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар беҳбуди дастрасӣ ба хидматрасониҳои рақамӣ кумак мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста