Вазорати корҳои дохилии Русия шуруъ аз 5-уми феврали соли ҷорӣ феҳристи электронии муҳоҷирони ғайриқонуниро нашр мекунад. Ин пойгоҳи маълумот барои корфармоён, соҳибкорон ва шаҳрвандони Русия имкон медиҳад то кадом андоза қонунӣ фаъолият кардани муҳоҷиронро санҷанд. Танҳо баъди тасдиқи ин маълумот, корфармо ҳуқуқ дорад, ки бо шаҳрванди хориҷӣ шартномаи меҳнатӣ бандад.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ дода, навиштааст, ки ин нуктаро Александр Горовой, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия ҳангоми кушодани бинои шуъбаи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Луганск гуфтааст.
Александр Горовой изҳор доштааст, ин феҳрист барои корфармоён, соҳибкорон ва шаҳрвандони Русия, ки мехоҳанд бо шаҳрвандони хориҷӣ шартномаи меҳнатӣ банданд, дастрас хоҳад буд.
“Аз 5-уми феврали соли ҷорӣ дар пойгоҳи маркази иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Русия феҳристи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия қарор доранд, ба фаъолият оғоз мекунад. Ин феҳрист барои корфармоён, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки нияти бастани шартномаи меҳнатиро бо шаҳрвандони хориҷӣ доранд, дастрас хоҳад буд. Онҳо метавонанд тавассути интернет ба ин пойгоҳи маълумотӣ ворид шаванд ва санҷанд, ки оё шаҳрванд дар ҳудуди Федератсияи Русия қонунӣ қарор дорад ё не. Танҳо баъд аз ин корфармо ҳуқуқи бастани шартномаи меҳнатӣ бо ӯро хоҳад дошт”,-гуфтааст Александр Горовой.
Муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия ҳамчунин таъкид кардааст, ки барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ як қатор хизматрасониҳои давлатӣ, аз ҷумла бастан ва бекор кардани ақди никоҳ, хадамоти бонкӣ, идора ва бақайдгирии нақлиёт, хариди чиптаҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан дастнорас хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин тадбирҳо “ба беҳбуди вазъи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари Русия мусоидат мекунад”.
Гуфта мешавад, ки айни ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳияи комили феҳрист машғуланд ва аз лаҳзаи ба кор даромадани пойгоҳ, феҳрист ҳар рӯз навсозӣ мегардад.
“Ҳамаи мақомоти давлатӣ метавонанд ба ин портал ворид шаванд ва ҳар як шахсро тафтиш кунанд. Он ҳар рӯз навсозӣ мешавад ва мо ба беҳбуди вазъ умед дорем”,- таъкид кардааст Горовой.
Ёдрас мешавем, ки Вазорати корҳои дохилии Русия дар моҳи октябри соли 2024 рӯйхати шахсони назоратшаванда дар ин кишварро тартиб дод, ки дар он номи беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун қонуншикан ба қайд гирифта шудааст.
Ин рӯйхат дар доираи низоми нави ихроҷ, ки аз 5-уми феврали соли 2025 татбиқ мегардад, таҳия шудааст.
Баъди нашри ин рӯйхат Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки номи худро дар ин рӯйхат санҷанд, то аз мушкили эҳтимолӣ канорагирӣ кунанд. Аммо ҷустуҷӯи номи худ дар ҷадвали бузург душвор аст.
Барои осон ва содда кардани раванди санҷиш, “Азия-Плюс” Telegram-боти @apnamecheck_bot фаъол кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, дар ин рӯйхат будан ё набудани номашонро зуд санҷанд.
Ҳамчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои шаҳрвандони дар рӯйхат қарордошта дастуралмал тартиб дод. Тибқи ин дастурамал, шаҳрвандоне, ки дар рӯйхат қарор доранд, бояд то 5-уми феврали соли 2025 ба мақомоти дахлдори муҳоҷирати Русия муроҷиат намуда, худро ба қайди қонунӣ гиранд ё қаламрави ин давлатро тарк намоянд.
Дар сурати дар муҳлати муайяншуда ба қайди қонунӣ нагирифтан, шаҳрванд ба таври худкор ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда ворид гардида, ҳуқуқи рафтан ба ин давлатро аз даст медиҳад.
Агар номи шумо дар ин рӯйхат бошад, вале Русияро тарк карда бошед, ихроҷ шудаед ё дар Тоҷикистон ё кишвари дигар ҳастед, метавонед нусхаи шиносномаи хориҷии худро бо муҳри убури сарҳад ба мақомоти муҳоҷират дар маҳалли зисти худ пешниҳод кунед.
Агар шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дошта бошед ё дар Русия қонунӣ кор кунед, аммо дар рӯйхат бошед, нусхаи шиносномаи худро ба Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия фиристед.
Дар робита ба ин масъала метавонед дар матлаби ““Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Посух ба муҳимтарин саволҳо инҷост!” бештар маълумот дарёфт кунед.
Дар Душанбе ҳисобкунакҳои барқии ҳушманд насб мекунанд
Миёни Тоҷикистону Эрон 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
“Мардҳоро таҳрик медиҳанд”. Толибон дар як вилояти Афғонистон наттоқии занон дар телевизионро манъ кардаанд
“Душанбе-пойтахти забони форсӣ дар Осиёи Миёна”. Маҳфили шеъру адаби Тоҷикистону Эрон ва бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар Душанбе
Тоҷирони Эрону Тоҷикистон 13 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ҲАМОС ва Исроил барои оташбас дар Ғазза мувофиқа кардаанд
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар беҳбуди дастрасӣ ба хидматрасониҳои рақамӣ кумак мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 январи соли 2025
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста