Зиёда аз ҳазор хатмкунанда, 5 соли фаъолият ва 4 филиал – ин ҳама дастовардҳои маркази забономӯзии бузурге ба номи машҳури Oxford мебошад.
Дар Oxford Learning Centre барномаҳои муосири омӯзиши забон ҷорӣ шудаанд, ки на танҳо донишҳои назариявӣ медиҳад, балки забонро амалан, бо дорандаи забон меомӯзанд. Ваъда медиҳанд, ки натиҷа аллакай дар як ҳафта маълум мешавад.
Дар доираи подкасте мо бо Фаридун Муродӣ, муассиси ин марказ ҳамсуҳбат шудем. Ӯ дар бораи он нақл кард, ки чӣ гуна тавонист як идеяеро ба воқеият табдил диҳад, кадом усулҳои муосир барои омӯзиши забонҳо самарабахшанд ва чӣ тавр бо кӯмаки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд абзорҳои омӯзишии муосирро дар кори омӯзгорон ҷорӣ намуд.
Ин силсилаи подкастҳо аз ҷониби Барномаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд "Машварат барои тиҷорати хурд" маблағгузорӣ мешавад. Барнома бо дастгирии донорҳо — Иттиҳоди Аврупо, ҳукуматҳои Швейтсария, Ҷопон, ИМА тавассути Фонди дастгирии тиҷорати хурди БАТР ва донорҳои дигар, аз ҷумла Италия, Ҷумҳурии Корея, Люксембург, Норвегия, Шветсия ва Фонди ҳамкориҳои техникии Тайван — амалӣ мегардад.
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста