Дар Тоҷикистон тибқи қонунгозорӣ бисёрзанӣ манъ аст ва нисбати мардоне, ки қонунро нақз мекунанд, ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Аммо сарфи назар аз ин бисёр заноне ҳастанд, ки ба далоили гуногун ҳамсари дуюму сеюми мардон, ба вижа мансабдорон мешаванд. “Азия-Плюс” қиссаи ду хоҳаронеро нақл мекунад, ки ҳарду пас аз зани дуюм шудан рӯзгорашон ба табоҳӣ печид, овораву дарбадар шуданд ва ҳоло яке дар “гӯристон”-у дигаре дар хобгоҳи валангоре умр ба сар мебаранд.

 

Омори занони дуюм ҳаст?

Расман оморе оид ба занони дуюм дар кишвар вуҷуд надорад. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода зимни нишасти матбуотии 14-уми феврали соли 2024 иброз дошт, ки чунин оморро Раёсат дар даст надорад, зеро “бақайдгирӣ ғайриимкон аст”.

Ба гуфтаи ӯ, бисёрникоҳӣ дар кишвари мо хилофи қонун буда, мардҳое, ки зани дуюму сеюм мегиранд, дар бештари маврид онро пинҳон медоранд, аз ин рӯ оморе мушаххас гирифта намешавад.

“Зани дуюм мисли иҷорашин аст, вақте соҳиби хона хез гӯяд, бору колояшро мебардорад”, - суханонест, ки имрӯзҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр садо медиҳад.

Дар суҳбат аксари онҳое, ки зани дуюм шудаанд ва тавассути никоҳи мусулмонӣ оила барпо кардаанд, афсӯсхӯрон  мегӯянд, “дар муқаррароти шариат мо бо зани якум ҳуқуқҳои баробар дорем, вале дар қонунҳои давлат тамоман беҳуқуқем”.

 


Қиссаи ду хоҳар - ду тақдири талх

Дилором ва Маҳина (номи ҳарду қаҳрамон бо сабабҳои ахлоқӣ иваз шудааст) - ду хоҳаре ҳастанд, ки ҳарду баъди пошхӯрии оилаҳои якуми худ, зани дуюм шудаанд. Имрӯз яке дар вагон ва дигаре дар хобгоҳ рӯзгор меронанд. Ба нақли хоҳарон, никоҳи нобарор ва сари ҳар қадам шунидани истилоҳи “беваю бесоҳиб” ҳардуро водор кардааст ба мардони оиладор зани дуюм шаванд.

Дилороми 46-сола, сокини шаҳри Қайроққум, 8 сол боз бо 5 фарзандаш дар вагон зиндагӣ мекунад. Дар сӯҳбат бо мо ӯ нақл кард, ки аслан зодаи шаҳри Душанбе буда, бо сабаби кори волидонаш ба вилояти Суғд кӯч бастааст.

“Мо дар оила 5 фарзанд будем - 3 писар ва 2 духтар. Падарам дар роҳи оҳан кор мекарду модарам дар мақомоти амният. Зоҳиран оилаи аз ҷиҳати моддию маънавӣ хуб доштем, бой набошем ҳам, тангдастию муҳтоҷӣ накашида будем”, - нақл мекунад Дилором.

Ӯ соли 2003 шавҳар карда буд, вале бо 4 фарзанд оилааш пош хӯрд. Солҳо бе шавҳар зист. Соли 2015 барояш соли ҳузнангез буд, зеро волидонаш дар давоми 46 рӯз пайи ҳам фавтиданд ва духтарҳо дигар дар хонаи падар ҳам роҳ наёфтанд.

Ғайр аз ин, бо чашми бад нигаристани мардум барояш сахт буд ва пас аз гум кардани ду такягоҳ – волидон, маҳз дидгоҳи ҷомеа водораш кард, ки зани дуюм шавад.

“Талабгорон буданд, ки зани дуюм не, зани якум шуда ҳамзистӣ кунам, аммо шарти онҳо дасткашӣ аз фарзандонам буд. Аз фарзандонам даст накашидам, вале розӣ шудам, ки ҳамроҳи ҷигарбандонам бошаму зани дуюм шавам”, - сабабашро шарҳ медиҳад Дилором.

Ӯ бо М.И. (номи шавҳар бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ зикр намешавад) издивоҷ кард. Ба қавли худаш, дар аввал шавҳараш меҳрубон буд ва фарзандони занро аз фарзандони худ кам намедид, аммо ин адолат дер напоид ва шавҳари дуюмаш ҳам бо баҳонаи бемории зани якумаш ба зиндагии Дилором дигар расидагӣ намекард.

 


Муҳоҷират ва сарсониву оворагии он

Дилором мегӯяд, бо умеди сабуктар шудани зиндагиаш дубора шавҳар кард, вале рӯзгораш ба масали “аз зери борон гурехта, ба таги новадон рафтан” монанд шуд. 

Азоби бехонагию сарсонию камбағалӣ Дилоромро маҷбур сохт, ки рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ орад. Зан кӯдаконашро ба сарпарастии ҳамсояҳо монда, бо умеди кор кардани пули хона ба Русия рафт, аммо бахташ нахандида, аз он ҷо дасти холӣ баргашт.

“Азбаски пул надоштам, дар ғарибӣ ранҷу азобҳои зиёд кашидам, бар замми ин, ҳомиладор буданам халал расонд. Вақте ҳомила буданамро мефаҳмиданд, маро ба кор қабул намекарданд”, - иброз дошт Дилором.

 

...ва зиндонӣ шудани шавҳари дуюм

Дилором аз шавҳари дуюмаш писардор шуд. Вақте ки ба кӯдаки шашумаш ҳомила буд, шавҳарашро дар Русия ҳабс карданд. Ӯ мехост дар Русия исқоти ҳамл кунад, вале пул надошт. Ҳеҷ кас қарз надод, то ин корро карда, ба кор баргардад.

Баъди ба Ватан баргаштан, кӯдак солим таваллуд шуд. Ҳоло се сол дорад, вале падарашро надидааст. Падараш пеш аз таваллуди ӯ зиндонӣ шуд ва то ҳол дар маҳбас аст. Сабаби ҳабсаш сохтакории ҳуҷҷатҳо будааст.

“Аввал зуд-зуд занг зада ҳолпурсӣ мекард. Вале шаш моҳ боз аз ӯ дараке нест. Охирин бор 15-уми июл, дар рӯзи таваллудам занг зада, табрик гуфт. Ҳамон вақт гуфт, ки “агар муҳлати ҷазоямро кам кунанд, ихтиёрӣ ба ҷанги зидди Украина меравам”. Дигар хабаре нест...”, - мушаввашона иброз дошт Дилором.

 

Зиндагӣ дар гӯристон ва азобҳои он

Имрӯз Дилором дар қабристони шаҳри Гулистон, дар як вагонча бо 5 фарзанди хурдсол зиндагӣ мекунад. Духтари калонияшро ба шавҳар додааст ва мегӯяд, ки хонаводаи қудо омадурафти духтарашро ба кулбаи модар манъ кардаанд, зеро Дилоромро чун зани талбандаву гадо мешиносанд.

Ин зан мегӯяд, ки ҳоло илова бар азоби танҳоӣ, гадоӣ ва бехонагӣ, боз аз ояндаи фарзандонаш хавотир аст “зеро сари ҳар қадам аз ҷониби ҳамсинфонашон зери хушунату таҳқир қарор мегиранд. Ба духтарчаам Ш.Э. (номаш барои риояи меъёрҳои ахлоқӣ зикр намешавад), ки дар синфи 5-ум мехонад, ҳамсинфонаш “ту гадодухтар, модарат гадоӣ мекунад” гуфта, сатилҳои партовро аз сараш рехтаву боз наворбардорӣ кардаанд. Ҳоло қариб, ки ба мактаб намераванд”.


Дилором мегӯяд, боре хост, ки кӯдаконашро ба ятимхона супорад, вале қабул накарданд, гуфтанд, ки то модар зинда аст, кӯдаконро ба сарпарастии давлат қабул карда наметавонанд.

Пас аз ин, ӯ нақл кард, ки “як рӯз аз тангии зиндагӣ ба дод омада, хостам ба ҷони худ ва фарзандонам қасд кунам, вале аз рӯзи қиёмат тарсида, даст кашидам”.

Ҳоло кӯдаконаш аз соати чори бегоҳ якчанд қабат либос пӯшида, ба ҷойгаҳи хоб медароянд, худро бо кӯрпа мепечонанд, вале боз аз хунукӣ гиря мекунанд.

“Як сар дораму сад савдо. Намедонам сарамро ба куҷо занам...”, - ҳангоми хайрухуш басо ғамангезу рӯҳафтода гуфт Дилором.

 

“Номам Маҳинаву худам талбанда”

Хоҳари Дилором – Маҳинаи 41-сола низ мисли апааш қисмати талх дорад. Агар Дилором дар вагони қабристон зиндагӣ кунад, Маҳина дар хобгоҳи фарсуда рӯз мегузаронад. Наздики 5 сол аст, ки ӯ ба бемории буғумдард ва каҷшавии устухонҳо гирифтор аст.

“Аз шавҳари якумам бо як писарча ҷудо шудам. Азбаски аз мушту лагади шавҳар ва хушунати оилавию азобҳои рӯҳӣ хаста шуда будам, қасд кардам, ки дигар шавҳар накунам. Мехостам худам кор карда, фарзанди ягонаамро бо нони ҳалол калон кунам”, - нақл мекунад Маҳина.

Аммо ӯро ҳам ҳангомаҳои ҷомеа ором нагузошт, мисли апааш Дилором, Маҳина низ аз тӯҳмату таънаи мардум буғз гирифта, ночор ба никоҳи дуюм розӣ шуд. Соли 2017 ӯ ба марде (номаш барои риояи меъёрҳои ахлоқӣ зикр намешавад) ба шавҳар баромад ва писарчаи 7-солаашро гирифта ба хонаи шавҳари нав рафт.


“Баъди сари падару модарам ман дигар дар хонаи падарӣ намеғунҷидам ва умед доштам, ки шавҳар карда, рӯзу рӯзгори хуш мебинам, вале аз зери борон гурехта ба таги новадон афтодам”, - мегӯяд Маҳина.

Шавҳари дуюм ӯро ба шаҳри Екатеринбурги Русия бурд: “Дар як вагони оҳании хунук зиндагӣ мекардем. Аз субҳи солеҳон то нимаҳои шаб карам пӯст карда, як бурда нон меёфтем. Азбаски табиати Русия худаш сард ва бар замми ин, вагони зиндагӣ мекардаамон бениҳоят хунук буд, маро сармо зада ба ревматизм ва полиартрит гирифтор шудам”.

Монанди апааш, ки дар Русия ҳомиладор шуда натавонист кор кунад, Маҳина низ дар ҳолати ҳомиладорӣ ба мушкилӣ дучор шуд. Вақте духтурони Екатеринбург гуфтанд ҳолаташ вазнин аст, шавҳараш ба ҷойи дастгирӣ, ӯро таҳқир кард: “Агар медонистам, ки ту маъюб мешавӣ, як рӯз ҳам туро зан намекардам”.

Маҳина бо кӯмаки ҳамкоронаш дар муҳоҷират табобат гирифт, вале саломатиаш дигар барқарор нашуд. Ӯро шавҳараш ба Ватан фиристод ва пас аз он тариқи телефон талоқаш дод.

Маҳина ҳамроҳи апааш дар вагони гӯристон паноҳ ёфт, муддате он ҷо зист, ба азобу сахтии зиёд таваллуд кард ва ниҳоят аз по монд.

“Ҳоло шинам мустақил хеста наметавонам, хезам нишаста, мисли тахта шах мешавам. Гоҳо дасту поям чунон беҷон мешавад, ки хаёл мекунам, ки ҷон додаам”, - мегӯяд Маҳина.

Имрӯз Маҳина маъюби гурӯҳи дуюм аст ва бо ду фарзанди ноболиғаш дар хобгоҳи валангоре зиндагӣ мекунад. Моҳе 220 сомонӣ нафақаи маъюбӣ ва дар се моҳ як бор 220 сомонӣ кумакпулии камбизоатӣ мегирад. Писари 14-солааш ба хидматгорӣ машғул аст ва як бурда нони оиларо ҳам он кӯдак пайдо мекунад.

“Зиёд таъна мекунанд, ки шароит надоштаӣ барои чӣ таваллуд кардӣ?”, - бо алам мегӯяд Маҳина. Вале ӯ ҳам мисли апааш Дилрабо бо вуҷуди ҳама душвориҳо кӯшиш мекунад фарзандонашро ба воя расонад.

 

Занони дуюм чӣ ҳуқуқ дорад?

Тибқи меъёри қонунгузории Тоҷикистон ҳамзистӣ бо ду ё зиёда ҳамсар манъ аст.

Раҳимҷон Мирқосимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки тибқи моддаи 33-и Сарқонуни ҶТ бисёрникоҳӣ манъ аст. Мувофиқи моддаи 170-и Кодекси ҷиноятӣ барои дузанагӣ ё серзанагӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

“Агар мард бо ду зан дар як вақт зиндагӣ намояд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Фарзандони аз никоҳи расмӣ ва ғайрирасмӣ таваллудшуда ҳуқуқҳои баробар доранд, ҳамчунин ҳаққи гирифтани алимент. Лекин занҳо ҳуқуқҳои баробар надоранд”, - мегӯяд ҳуқуқшинос.

Аммо аксари онҳое, ки зани дуюм мегиранд, меъёри динро чун асос ёдовар мешаванд. Воқеан, дини Ислом бисёрникоҳиро барои мардон иҷоза медиҳад, аммо бо шарти риояи адл миёни занҳо ва таъмини молии онҳо.

Шӯрои уламо ҳам дар посух ба як суоли шаҳрванд навиштааст, “аз нигоҳи Ислом ду зане, ки дар қайди никоҳи як мард ҳастанд, новобаста аз синну сол ва шаклу сурат имтиёзҳои якхела доранд, яъне дар либосу хӯрок ва ҷойи сукунат баробаранд. Шавҳар бояд байни ҳамсаронаш адолатро дар нафақа риоя кунад”.

Дар сурати ғайр, никоҳ бо зани дуюму сеюм ва чаҳорум аз нигоҳи Ислом низ иҷоза нест.

Қиссаи ин ду хоҳар нишон медиҳад, ки занони дуюм дар Тоҷикистон на танҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ осебпазиранд, балки аз лиҳози иҷтимоию иқтисодӣ низ ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд.

Дар ҳоле ки бисёрникоҳӣ расман манъ аст, садҳо зан маҷбуранд бо умеди зиндагии беҳтар ба никоҳи ғайрирасмӣ розӣ шаванд. Вале ин қадам на ҳамеша ба манфиати онҳост - бисёре аз ин занон дар ниҳоят худро дар ҳолати душвортар меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.