Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия эълом кард, ки дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ ба "Крокус"-и Маскав 27 нафар гумонбар дониста мешаванд.
“Таҳқиқот дар бораи афроди дигаре, ки эҳтимол дар созмондеҳӣ, омодасозӣ ва маблағгузории ин ҳамлаи террористӣ даст дошта бошанд, идома дорад. Иртиботи миёни муттаҳамон тавассути марказҳои ягонаи ҷамъоварии маблағ ошкор ва мавриди санҷиш қарор гирифтаанд", - гуфтааст Бастрикин дар мусоҳиба бо “Российская газета”.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2024, 293 парвандаи ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ба додгоҳ ирсол гардида, 36 парванда марбут ба маблағгузории терроризм будааст.
Бастрикин зикр кардааст, ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл", ки ба иттилои мақомоти Русия, дар он 146 нафар кушта ва 551 каси дигар захмӣ шудаанд, ҷиддитарин ва фоҷеабортарин ҳодисаи соли гузашта буд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" рӯзи 22-юми марти соли гузашта рух дод. Моҳи майи соли 2024 ФСБ-и Русия аз боздошти 20 нафар, аз ҷумла, гумонбарони ин ҳодиса ва ҳамдастони онҳо хабар дод. Баъдан дар моҳи октябр мақомоти рус эълом карданд, ки шохаи Хуросонии ДОИШ дар ин ҳамла даст доштааст.

Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридун Шамсидин ҳамчун гумонбари бевоситаи ҳамла ва чанд нафари дигар ҳамчун шарик ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Чанд маротиба муҳлати ҳабси онҳо дароз карда шуд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Ҳамчунин, чанде қабл Додситонии Истанбул (Туркия) барои панҷ шаҳрванди хориҷӣ, ки тибқи иттилои тафтишот, бо гумонбарони аслии ҳамлаи "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав дар тамос буданд, аз 7,5 то 15 соли зиндон талаб кард.
Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста