Вакилони дифои чеҳраҳои шинохтаи сиёсати Тоҷикистон аз додгоҳ ба аксари гумонбарон озодӣ ва ҳукми сафед талаб кардаанд.  Ин парвандаи 3 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ ва 2 маъмури бознишастаи амният мебошад, ки аксарашон ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” гумонбар шудаанд.

Дар мурофиаи рӯзи 14-уми январ вакилони дифои гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” барои ҳимояи чеҳраҳои сиёсати кишвар охирин суханҳои худро ба додгоҳ ироа кардаанд.

Ин мурофиа ҳам, мисли мурофиаҳои қаблӣ, дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) паси дарҳои баста баргузор гардидааст.

Ду манбаи огоҳ дар ин робита ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки мурофиа бештар аз 2 соат идома карда, вакилон иттиҳомоти нисбати чеҳраҳои шинохта пешбинишударо қариб пурра рад кардаанд.

Аз ҷумла, вакилон аз додгоҳ хостаанд, ки 5 чеҳраи шинохта озод шаванд.

“Танҳо вакилони Саидҷаъфар Усмонзода ва Ҳамрохон Зарифӣ талаби прокурор (додситон, - АП)-ро сангин гуфтаанд ва хостаанд, ки судя (додрас, - АП) ба онҳо ҳукми сабук содир кунад. Чунки ин ду кас дар раванди тафтишот ба гуноҳи худ қисман иқрор шуда будаанд”, - гуфт як манбаи “Азия-Плюс”.

Манбаи мо афзуд, ки як вакили дифоъ бо сабаби беморӣ дар мурофиа ширкат карда натавонист ва дар мурофиаи баъдӣ охирин суханонашро ба додгоҳ мерасонад.

Маълум нест, ки мурофиаи баъдӣ кай баргузор мешавад. Дар мурофаи дигарӣ, бо шумули як вакили дифоъ, гумонбарон охирин суханҳои худро дар додгоҳ мегӯянд. Пас аз ин додрас ба хонаи машваратӣ меравад.

 

Мақомот расман хабар намедиҳанд

Мақомот расман дар ин бора иттилое намедиҳанд. Додгоҳ ба ин парванда ҳукми махфӣ ҳам задааст. Аз ин рӯ, ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногуни ғайрирасмӣ мебошад.

Ҳамчунин, назари худи гумонбарон, наздикон ва вакилони дифои онҳо маълум нест. Наздикон ва вакилони дифоашон аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд.

Танҳо як вакили дифоъ дирӯз баъди баромадан аз Боздоштгоҳ ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст, ки “ҳама атрофи иттиҳоми зерҳимояҳои худ гап заданд”. Ин расона ҳам бо такя ба манобеаш навишт, вакилони мудофеъ дирӯз аз додгоҳ хостаанд, ки гумонбаронро “бегуноҳ эълон кунанд”.

 

Додситон то 30 сол зиндон мехост...

Додситон дар мурофиаи рӯзи 8-уми январ ба ҳамаи чеҳраҳои парвандаи ба истилоҳ “табаддулот” аз 23 то 30 соли зиндон хоста буд:

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон, раиси пешини ҲДТ 30 сол;

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷаи Тоҷикистон 30 сол;

Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният 26 сол;

Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи амният 26 сол;

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини аввали раиси ҲСДТ 24 сол;

Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон 23 сол:

Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини яке аз раёсатҳои ВКХ 23 сол;

Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҲДТ 23 сол.

 

Боздошти чеҳраҳо аз кай оғоз шуд ва чаро онҳо дастгир шуданд?

Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Рӯзи 14-уми июни соли 2024 Юсуф Раҳмон, додситони кул як зимни ҷаласаи парлумон дар назди вакилон гуфт, ки бар зидди Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Баъд аз ин яке паси дигар, чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев боздошт шуданд.

Юсуф Раҳмон дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки боздошти аксари ин онҳо ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт дорад.

Мурофиаи аввали онҳо рӯзи 14-уми ноябр баргузор шуд ва ҳамаи ин равнад дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста ҷараён гирифт.

Аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.

То кунун дар парвандаи онҳо кадом иттиҳомот ҷамъ омадааст ва чиҳо расонаӣ гаштааст, дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.