Парвози аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Кӯлоб дар замони истиқлол имрӯз, 15-уми январ, бо 17 мусофир анҷом ёфт. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Дар ширкати мазкур гуфтанд, ки парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб 30 дақиқа ва баръакс низ дар ин муддат давом кардааст.
“Ҳавопаймо соати 10:20 дақиқа аз шаҳри Душанбе парвоз кард ва соати 10:50 ба шаҳри Кӯлоб фуруд омад. Аз шаҳри Кӯлоб ҳавопаймо соати 13:30 парвоз карда, соати 14:00 ба шаҳри Душанбе фуруд омад”, - гуфтанд дар ширкати “Тоҷик Эйр”.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Кӯлоб ва Душанбе–Панҷакент хабар дод.
Парвозҳо ба ин ду масир бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом хоҳанд шуд, ки барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои ширкати “Тоҷик Эйр”, парвоз миёни Душанбе ва Кӯлоб ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд. Нархи чиптаи ин масир 300 сомонӣ мебошад.

Шаҳрвандон метавонанд барои харидории чипта ба суроғаи ин ширкати ҳавопаймоӣ воқеъ дар Душанбе, кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, муроҷиат кунанд ва ё ба рақамҳои (+992) 110000012 занг зананд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин парвози ҳавопаймо дар ин масир дар замони истиқлол аст. Қаблан, дар замони шӯравӣ дар ин масир ҳавопаймо парвоз мекард.
Ёдовар мешавем, ки қарор буд аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Панҷакент дирӯз, 14-уми январ, соати 9:00 парвоз кунад, аммо бо сабаби вазъи обу ҳаво парвоз ба рӯзи 16 –уми январ мавқуф гузошта шуд.
Намояндаи ширкати “Тоҷик Эйр” гуфт, ки бо вуҷуди ҳавои мусоид дар шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент, дар масири парвоз ҳаво ҳанӯз номусоид боқӣ мемонад.
Арзиши чиптаи хатсайри Душанбе-Панҷакент 400 сомонӣ гуфта мешавад.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Панҷакент соати 09:00 саҳар ва аз Панҷакент ба Душанбе соати 10:30 саҳар маълум шудааст. Гуфта мешавад, ки парвоз 40-45 дақиқаро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ширкати “Тоҷик Эйр”, парвоз хатсайри Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд.
Қаблан низ ширкати “Тоҷик Эйр” гуфта буд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд. Аммо бо сабабҳои номаълум ин парвозҳо ба моҳи январ гузошта шуданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал ва расман бархе ҷузъиёти “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод
Ба 10 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуд. Раиси Додгоҳи олӣ ҳукми Аҳмади Иброҳимро шарҳ дод
Аз Додгоҳи олӣ шарҳ доданд, ки чаро иҷрои ҳукми Рухшона Ҳакимова мавқуф гузошта нашуд
Аз ошӯби зиндони Ваҳдат то қонуни авф. Дар нишасти матбуотии Вазорати адлия кадом масоил баррасӣ шуданд?
Майдон барои “утилизатсия”-и нақлиёт то ҳол нест, вале аз ин ҳисоб 1,7 млрд сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст
Ҳушёр бошед! Қаллобон аз номи “Азия-Плюс” маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд
Рамазон Раҳимзода тасдиқ кард, ки “Боим” боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст
Рӯйхати беҳтаринҳо. Размикорони тоҷик дар радабандии UFC дар кадом мавқеъҳо қарор доранд?
Додгоҳи олӣ ҳувияти ҳамлагарон ба муфтии Тоҷикистонро ошкор кард
Вазири корҳои дохила гуфт, дар пайванд ба ҳодисаҳои Конибодом “чанд нафари дигар дар кофтукованд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста