Расонаҳо навиштаанд, ки ҲАМОС ва Исроил пас аз 15 моҳи ҷанг дар Ғазза барои поён додани он ва озодии гаравгонҳо ба мувофиқа расидаанд.
Ба гуфтаи расонаҳо, Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон, нахуствазири Қатар гуфтааст, ки ба шарте, ки ҳукумати Исроил ба оташбас розӣ шавад, он аз рӯзи якшанбе, 19-уми январ ба иҷро медарояд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико низ бо эъломи хабари мувофиқа барои оташбас изҳор доштааст, ки ин тавофуқ ҷанг дар Ғаззаро қатъ карда, гаравгонҳо озод мешаванд.
Ҳанӯз тафсилоти ин тавофуқ эълон нашудааст, вале расонаҳо навиштаанд, ки дар сурати ниҳоӣ шудан, он се марҳиларо дар бар хоҳад гирифт.
Марҳилаи якуми оташбас қарор аст 42 рӯз (6 ҳафта) давом кунад. Дар ин муддат бояд ивази гаравгонҳо сурат гирифта, сарбозони исроилӣ тадриҷан аз Навори Ғазза хориҷ шаванд ва ворид шудани ҳаҷми бештари кумакҳои башардӯстона ба ин қаламрав иҷоза дода шавад.
Ёдрас мешавем, ки ҷанг дар Ғазза беш аз як сол аст, ки ҷараён дорад. Ин ҷанг нимаи моҳи октябри соли гузашта баъди ҳамлаи Ҳамос ба Исроил, ки ба кушта шудани наздики 1200 нафар ва гаравгон гирифтани 250 каси дигар боис шуд, оғоз гардид.
Баъди он Исроил ба Ғазза ҳамла кард. Масъулини беҳдошти Ғазза мегӯянд, ки сар аз 7-уми октябр то инҷониб дар натиҷаи таҷовузи Исроил ба Ғазза беш аз 47 ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта ва наздики 105 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд.
“Душанбе-пойтахти забони форсӣ дар Осиёи Миёна”. Маҳфили шеъру адаби Тоҷикистону Эрон ва бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар Душанбе
Тоҷирони Эрону Тоҷикистон 13 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар беҳбуди дастрасӣ ба хидматрасониҳои рақамӣ кумак мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 январи соли 2025
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт
Аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” то “Тоҷикаэронавигатсия”. Кумитаи андоз андозсупорони беҳтаринро эълон кард
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард
“Озод ва сабук кунед”. Ду талаби вакилони муттаҳамон ба парвандаи “табаддулоти давлатӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста