Хуршед Каримзода, роҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон сабаби ҷорӣ шудани боҷи 20-фоиза ба воридоти телефонҳои мобилиро шарҳ дод.
Аз 1-уми июли соли 2025 дар Тоҷикистон боҷи гумрукӣ ба андозаи 20% барои ворид кардани телефонҳои мобилӣ ва смартфонҳо ҷорӣ шуд. Ин муқаррарот дар қарори ҳукумат аз 10-уми июни соли 2025 дарҷ ёфта, ба телефонҳои одии мобилӣ ва смартфонҳои муосир дахл дорад.
Ҳарчанд ин қарор дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард, вале Каримзода гуфт, "он бар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои гуногун ва коршиносон қабул шудааст".
Ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳо ҷорӣ шудани боҷ таъсири смартфонҳо ба солимии аҳолӣ аст, ки ба таъкиди вай, ҳоло "зиёда аз 70%-и ҷавонон барои истифода аз он вақти зиёди худро мегузаронанд, ки нисбат ба кӯдакону наврасон хеле нигаронкунанда аст".
“Масъалаи таъсири телефонҳои мобилӣ ба саломатиии кӯдакону наврасон хеле ҷиддӣ аст. Ин яке аз сабабҳоест, ки ба ҷорӣ гардидани боҷи мазкур боис шуд”, - зикр кард Каримзода.
Ба қавли номбурда, истифодаи беҳад зиёди гаҷетҳо ба пайдо шудани бемориҳои гуногун мешавад ва ба саломатӣ зарар дорад. ба гуфтаи ӯ, ҳатто Созмони ҷаҳонии тандурустӣ маҳдуд кардани истифодаи телефонҳоро тавсия медиҳад.
Ба таъкиди номбурда "смартфонҳо яке аз категорияи бузурги манбаи партовҳои электронӣ буда, телефонҳои партофташуда газҳои зараровар хориҷ мешавад".
Хуршед Каримзода гуфт, ки боҷ барои вордоти телефонҳо ин талошест барои кам кардани истифодаи смартфонҳо, ки на танҳо ба солимӣ, балки ба ояндаи кишвар таъсир мерасонад.

Ӯ зикр кард, ки то қабули қарори мазкур, тавсияи вазорату идораҳо ва коршиносон ба инобат гирифта шуда, "қабули он зарурӣ ва саривақт эътироф шуд".
Ба таъкиди номбурда, қарор ба ҳифзи солимии аҳолӣ, коҳиши талабот ба он, кам кардани партовҳо ба муҳити зист ва афзоиши даромади буҷет аз ҳисоби категорияи нави андозбандишаванда равона шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар зарфи 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 115 млн доллар 725 203 телефони мобилӣ ворид карда шудааст. Дар соли 2024 ин рақам 1,285 млн дастгоҳ ба маблағи ҳудуди 196 млн долларро ташкил медод.




