Рӯзи 6 ноябр 4 нафар сокинони ноҳияи Балҷувон бо аломатҳои заҳролудшавӣ ба беморхонаи сироятии Кӯлоб оварда шуданд. Рӯди дигар ду нафар аз онҳо фавтиданд. Лекин то ҳол маълум нест, ки онҳо аз чӣ заҳролуд шудаанд.
Зафар Шарипови 33-сола, сокини деҳаи Девдори ноҳияи Балҷувон ҳамроҳи ҳамсараш Бибизайнаби Абдулазиз ва фарзандашон ба хонаи хусураш дар деҳаи Зарнисор меҳмонӣ рафтаанд. Пас аз тановули ғизо вазъи солимии Зафар Шарипов, ҳамсараш, духтари 1-солаи ширмаки онҳо ва бародари хурдии Бибизайнаб - Абдумудасири 13-сола бад мешавад.
Рӯзи 6 ноябр онҳо ба беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб оварда шуда, рӯзи дигар Зафар Шарипов ва Абдумудасир вафот мекунанд. Вазъи солимии Бибизайнаб ва духтарчааш ҳоло муътадил шуда, аз беморхонаи сироятӣ ба вилоятӣ гузаронида шудаанд.
Ба гуфтаи духтури беморхонаи сироятӣ Саидов, ҳамаи ташхисҳо ба озмоишгоҳи вилоят фиристода шуда, сабаби ба ин ҳолат гирифтор шудани онҳо заҳролудшавӣ аз маводи кимиёвӣ номида шудааст, лекин ҳоло посухи дақиқ нарасидааст.
Мудири маркази санитариву эпидемиологии ноҳияи Балҷувон Беҳрӯз Холов мегӯяд, барои ошкор намудани сабабҳои заҳролудшавӣ комиссия ташкил шудааст.
“Мо ба деҳа рафта, хонаеро, ки дар он ҷо онҳо заҳролуд шуданд, санҷидем. Ҳамаи хонаҳоро кофтем, лекин на маводи кимиёвӣ дарёфт шуду на ҳатто маҳсулоти консервшуда. Қуруту хурмо ва себ пайдо кардем. Инҳоро низ ба санҷиш фиристодем”, - иброз дошт ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.