Давоми як шабонарӯз дар қаламрави Тоҷикистон ду ҳодисаи заминларза рух дода, осебидагон ба қайд гирифта нашудаанд.
Соати 00:39-и имрӯз дар Тоҷикистон заминларза рух дод, ки қуввааш 4.3 баллро ташкил дод, хабар медиҳад Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин. Маркази он дар 40 километрии шарқи Хоруғ воқеъ будааст.
Манбаи заминларза дар умқи 150 километр қарор доштааст.
Тавре ки аз КҲФ Тоҷикистон хабар доданд, дирӯз, 25 октябр соати 15:49 дақиқа ба вақти маҳаллӣ заминларза рух додааст.
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза дар 240 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 30 километрии ҷанбу шарқи ноҳияи Лахш қарор доштааст.
Бино ба маълумоти расида, дар натиҷаи заминларза хушбахтона, талафоти ҷониву тахриби иншоот ба қайд гирифта нашудааст.