Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти видеоие, ки дар он марди калонсол наврасеро бо истифода аз электрошокер азобу шиканҷа медиҳад, баҳс мешавад.
Аз нашри навор дар шабака чанд рӯз гузашта, он дар ҷомеа нигаронӣ ба бор овардааст. Лекин ВКД то ҳол ин қазияро ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳад.
Корбарони шабака аз кормандони милитсия дархост намудаанд, ки ин “шахси бераҳм” фавран дастгир ва муҷозот шавад.
Тавре ки аз навори видео шунида мешавад, мард Фирдавс ном дорад. Наврас узр мепурсад, лекин мард бо алфози қабеҳу носазо ӯро ҳақорат карда, ба азияти ӯ идома медиҳад. Ӯ бо дастону пойҳояш ба наврас зарбаҳо мезанад.
Корбарони шабака менависанд, ки ин мард хонандаи синфи 9-ро ба боми яке аз манзилҳо мебарорад, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо номи "Кайракумские дома" маъруф аст. Ҳодиса рӯзи 2 декабр рух додааст.
Корбарони шабака хабар медиҳанд, ки азобу шиканҷа нисбти наврас муддати қариб ду соат давом кардааст.
Сарфи назар аз таваҷҷуҳи зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва талошҳои тамос гирифтан бо ВКД ва Раёсати ВКД дар Душанбе, ба “Азия-Плюс” то ҳол муяссар нашуд, ки дар ин бора маълумоти расмӣ дарёфт кунад.
Айни замон ҳолатҳои рух додани ҳодиса ва тақдири минбаъдаи навраси латукӯбшуда, инчунин аз ҷониби кӣ сабт шудани навор маълум нест.