Прокуратураи шаҳри Кӯлоб навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардидаро оид ба ҳодисаи зане, ки аз ошёнаи 5-уми бинои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб ба поён афтод, мавриди санҷиш қарор дод.

Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса рӯзи 24 май тақрибан соати 11:15 дақиқа рух додааст.

Ба иттилои ВКД, Ҳикоятмо Раҷабалии 25-сола, ки муваққатан дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекардааст, ба хонаи маъшуқаш, марди 38-сола тавассути таҳдид ҷиҳати моил намудан ба таъмини молиявии худ рафта, номбурдаро пайдо накардааст.

“Сипас, бо мақсади тарсонидани маъшуқаш ба лаби тирезаи роҳрави ошёнаи 5-ум баромада, пойҳояшро ба қисмати кӯча кашол карда, ба номбурда занг зада, талаб намудааст, ки ба хонааш баргашта, бо ӯ вохӯрад, - зикр мешавад дар хабар. - Ҳангоми гуфтугӯ ӯ ногаҳон лағжида, ба болои долони ошёнаи якум афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст”.

Гуфта мешавад, зан таҳти назорати табибон қарор дошта, вазъи саломатии ӯ аз тарафи мутахассисон вазнин эътироф карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки санҷиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.