Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзи 18 июл соати 23:14 дақиқа дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар 260 километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст. Қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5 балл ва дар Душанбе - 2 баллро ташкил додааст. Харобиҳои зиёд ва талафоти ҷонӣ нест.
Ғайр аз ин, дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Данғара-Душанбе садамаи нақлиётии марговар рух додааст.
Тахминан соати 05:30 дақиқа ба навбатдори фаврӣ дар бораи садама хабар расидааст. Ҳодиса дар роҳи мошингарди қаламрави деҳаи Наи Зиракӣ дар наздикии шаҳри Норак рух медиҳад.
Дастгоҳи боздоранда (тормоз)-и мошини боркаши «Shacman» аз кор баромада, дар натиҷа ронанда идораи нақлиётро аз даст медиҳад ва автомашина ба ҷарии 150-метра сарозер меравад.
Ронанда, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе ва мусофири мошин - сокини 23-солаи ноҳияи Рашт дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин шоми рӯзи 18 июл зани 32-солаи сокини пойтахт ба навбатдори КҲФ хабар додааст, ки дари хонаеро, ки дар он падараш будааст, кушода наметавонад.
Аз хона ҳеҷ садое набаромада, ба зангу тақ-тақҳои дар касе ҷавоб намедодааст. Вақте имдодгарон дарро мекушоянд, ҷасади марди фавтидаро мебинанд. Ҷасад ба ихтиёри кормандони милитсия дода шуда, сабабҳои марги мард таҳқиқ мешаванд.