Давоми шанбонарӯзи ахир дар Душанбе 3 далели дар ҳолати мастӣ аз машрубот рондани воситаи нақлиёт ошкор шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Қонуншиканон 1 ронандаи атксӣ ва 2 ронандаи автомашинаҳои шахсӣ будаанд.
“Ронандагони автомашинаҳои “Хундай” Умедҷон Назиров, “Хундай Старекс” - Саидбек Бандихудоев ва тамғаи “BYD” - Раъно Бобомуродова дар ҳолати мастӣ сари чанбараки мошин боздошт шуданд. Нисбати онҳо мутобиқи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ” протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд”, - зикр мешавад дар хабари Раёсат.
Дар ин моддаи Кодекс ҷарима дар ҳаҷми 300 нишондиҳанда барои ҳисоб (21,6 ҳазор сомонӣ - 1 нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз, инчунин маҳрум кардан аз идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Тибқи маълумоти расмӣ, 7%-и садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон ба дар ҳолати мастӣ аз машрубот рондани автомашина марбутанд. Боз сабабҳои зерин ба садамаҳо боис мешаванд: баланд кардани суръати ҳаракат - 58,6%, баромадан ба хатти муқобили ҳаракат дар роҳ - 25% ва ғайра.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух додаааст, ки 11,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст (492 ҳодиса). Бар асари ин садамаҳои нақлиёт 236 нафар ҳалок ва 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар муқоиса бо соли гузашта теъдоди ҷабрдидагон 13,3% ва теъдоди ҳалокшудагон - 22,3% афзудааст.