Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини шаҳри Душанбе Диловар Музаффаровро барои кӯшиши пайвастан ба сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ (ДИ) мутобиқи моддаҳои 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 401 (Зархаридӣ)-и КҶ ҶТ ба 6,6 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, маҳкумшуда аз моҳи декабри соли 2014 то моҳи майи соли равон дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Новосибирск қарор дошта, бо даъвати ду тан аз ҳамватанони худ рӯзи 4 май аз Маскав ба Истамбул ва аз он ҷо ба Сурия ҷиҳати пайвастан ба сафҳои ДИ рафтанӣ мешавад, вале дар фурудгоҳи “Внуково”-и шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони хадамоти махсуси Русия боздошт ва ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурда мешавад.