Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо намояндагони Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Right Watch, HRW) Стив Свердлов ва хонум Виктория Ким вохӯрӣ доир гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, меҳмононро сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон ва ВКД ҷиҳати масъалаҳои вобаста ба хушунати хонаводагӣ бо созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ҳамкориҳо дошта, заминаи қонунгузорӣ дар ин самтро хеле такмил дода истодааст.
“Дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия нозирони кор дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, мунтазам чорабиниҳои омӯзишию вохӯриҳои судманд доир карда мешаванд. Дар ин самт бо истифода аз дастовардҳои пешқадам як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст ва он идома дорад”, - иброз дошт ӯ.
Намояндаи Дидбони ҳуқуқи башар ҷаноби Стив Свердлов низ дар навбати худ, барои пазироии гарм ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки созмони онҳо омода аст, бо идораву ташкилотҳои Тоҷикистон, ки дар доираи ваколатҳояшон ба пешгирии хушунати хонаводагӣ сару кор доранд, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монанд.
Дар доираи рӯзномаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба мубориза зидди хушунати хонаводагӣ, дастгирии оилаҳои ҷавон, кӯмаки руҳию равонӣ ба ҷабрдидагони чунин ҳодисаҳо, коркарди механизмҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотима, изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо дар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.