Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз боздошти чанд нафар бо гумони пайравӣ аз равияи фаъолияташ дар кишвар мамнуъи “Салафия” хабар медиҳад, ки 5 нафар сокинони Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд.
Кормандони КДАМ Тоҷикистон ба гумони узвият дар ин ҷараён сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ - Абдулҳақ Обидов, Абузар Шухиев, Абдулло Маҳмадуллоев, Азиз Турков ва Ахмадхоҷа Табаровро боздошт карданд, хабар медиҳад бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ ҶТ.
Миёни боздоштшудагон ҳузур доштани имомхатиби масҷид дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Абдулҳақ Обидовро ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дин тасдиқ карданд.
Нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикитсон (Ташкили фаъолияти созмони ифротгаро) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Аввали соли 2009 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти равияи диниву бунёдгаронаи “Салафия”-ро ғайриқонунӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.
Қарор бар асоси муроҷиати Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ки доир ба таҳдиди фаъолияти “Салафия” ба амнияти давлатии Тоҷикистон, сохти конститутсионии он, инчунин барангехтани адовати динӣ ва этникӣ далелҳо пешниҳод кард, қабул шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.