Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” гумонбарони асосӣ дониста мешаванд, се моҳ дароз кард.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки чораи пешгирии қаблӣ дар шакли таҳти ҳабс қарор доштан нисбати Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба муҳлати то 22 феврали соли 2025 дароз карда шавад.

Қобили зикр аст, ки муҳлати гумонбарон ба амали террористӣ дар “Крокус” аллакай чандин маротиба тамдид шуд.

Рӯзи 16 август додгоҳи Басманнийи Маскав муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари дигари ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳол”-и Маскавро дубора барои 3 моҳ - то 22-юми ноябри соли равон дароз кард.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дода, бар асари он 145 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 кас осеб диданд. Рӯзи дигар, 23 март дар вилояти Брянск 4 нафар гумонбарон боздошт шуданд: Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов.

Баъдан боз 7 нафар ҳаммаслакони эҳтимолии онҳо, аз ҷумла бародарон Аминҷон ва Диловар Исломовҳо, падари онҳо Исроил Исломов, инчнуин Алишер Қосимов, Лутфулло Назирмад, Ёқубҷон Юсуфзод ва Муҳаммад Шарифзод ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд.

Ба иттилои директори Хадамоти федералии амният (ФСБ), дар доираи ин парванда ҳамагӣ зиёда аз 20 нафар боздошт шуданд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Тибқи маълумоти хадамоти махсуси Русия, амали террористони гумонбар ба ҳамла ба “Крокус” тариқи интернет аз ҷониби аъзои гурӯҳи “Вилояти Хуросон” (ҷиноҳи созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон) ҳамоҳанг карда мешуд.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро метавонед дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.