Шумораи умумии ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар соли 2024 содиршуда 0,9% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, шумораи ғоратгарӣ 27% ва дуздӣ ҳудуди 26% кам шудааст. Дар  ин бора хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба мақоқмоти ин кишвар иттилоъ додааст.

“Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2024, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, 3,8% кам шудааст Шумораи умумии ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда 0,9% коҳиш ёфт. Аз ҷумла, тибқи маълумоти оморӣ, шумораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнине, ки хориҷиён содир кардаанд, 2,2% кам шудааст”, - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шумораи ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 12,3%, ҳодисаҳои расонидани зарари вазнини қасдии ҷисмонӣ 12,5%, кушторҳо ва сӯиқасдҳо ба куштор 6,7% коҳиш ёфтааст.

Инчунин зикр шудааст, ки шумораи дуздиҳо, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир шудаанд, 9,2% кам шудааст.

Қаблан, дар соли 2024, мақомдорони рус изҳороти мухталифе дар бораи шумораи ҷиноятҳои содиркадаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро дода буданд. Гоҳ аз афзоиши тезу тунд ва гоҳ аз коҳиши ҷиноятҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ хабарҳо нашр мегардид.  

Дар робита ба ин масъала бештар дар маводи мо “Маълумоти зидду нақиз оид ба ҷинояткорӣ. Чаро русҳоро бо муҳоҷирон метарсонанд?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.