Дар пайи зиёд шудани омори ҷинояти таҷовуз ба номус дар шаш моҳи соли 2025-ум мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, аксари ин ҷиноятҳо аз ҷониби наздикони ҷабрдидаҳо сурат мегирад.

 

24 ҷинояти таҷовуз ба номус

Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дод, ки дар ним соли равон  дар кишвар 24 ҳолати таҷовуз ба номус ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳолат бештар аст. Дар 6 моҳи соли 2024-ум 17 ҷинояти таҷовуз ба номус сабт шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд зимни шинасти матбуотӣ бо ишора ба афзоиши ин намуди ҷиноят дар ним сол дар сатҳи вилоят гуфт, ки  аксари ҷинояти таҷовуз ба номус аз ҷониби наздикони ҷабрдидаҳо сурат гирифтааст.

“Дар парвандаҳое, ки баррасӣ шуданд, ҳолатҳои аз ҷониби падар таҷовуз шудани духтар ҳам ба сабт шудааст. Ба хотири масъалаҳои ахлоқӣ мо аз овардани мисол худдорӣ мекунем”, - афзуд Фурқат Хоҷазода.
Фурқат Хоҷазода мегӯяд, аксари ҷинояти таҷовуз ба номус аз ҷониби наздикони ҷабрдидаҳо сурат гирифтааст.
Акс аз Asia-Plus

Ба иттилои номбурда, дар ин давра дар ҳудуди вилоят 13 ҷинояти таҷовуз ба номус сурат гирифтааст, ки нисбат ба ҳаимн давраи соли гузашта 6 ҳолат бештар аст.

Омори дақиқи ин ҷиноят дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон дастрас нест.

 

Дастдарозии пайвандон ба духтарон

Бояд гуфт, ки чанд соли охир қазияҳои дастдарозӣ ба номус зиёд расонаӣ мешавад, ки дар аксар ҳолат ҷабрдидагон духтарони ноболиғ ҳастанд. Аз хабарҳои расонаӣ ҳам бармеояд, ки духтарон, ба вижа ноболиғон аз сӯйи пайвандон ё ҳамсояҳои худ дастдарозӣ мешаванд.

Яке аз чунин қазияи пурбаҳс таҷовуз шудани духтари 12-сола дар шаҳри Ҳисор буд, ки ноболиғ обистан шуда, фарзанд таваллуд кард.

Ба гуфтаи духтари ҷабрдида, 9-уми августи соли 2019 писари тағояш Ҳусниддин Абдуллоев ӯро дар назди говхона бо зарба беҳуш карда, ба номусаш дастдарозӣ мекунад. Он вақт Ҳуснӣ Абдуллоев ноболиғро таҳдид кардааст, ки агар ба касе ин корро гӯяд, ӯро ба қатл мерасонад.

“Ӯ боз чандин маротиба омада, маро бо таҳдид ба ин кор маҷбур мекард. Вақте гуфтам, ки ҳомиладор шудаам, ба ман ҳабҳо (таблетка) овард, то ки исқоти ҳамл намоям, вале ман онҳоро истеъмол намекардам. Бибиам аз аҳволи ман нигарон шуда, мепурсид, ки чӣ шудааст, лекин аз тарси Абулллоев чизе гуфта наметавонистам”, - ба “Азия-Плюс” гуфта буд ноболиғ.

Пас аз огоҳ шудан волидон ба мақомот шикоят бурданд. Додгоҳи шаҳри Ҳисор гумонбарро ба 5 соли зиндон маҳкум кард, вале бо татбиқи аз қонуни авф аз толори додгоҳ озод шуд. Пайвандон аз ҳукми додгоҳ он вақт розӣ набуданд. Ин қазия аз камтарин ҳолатҳое буд, ки гумонбар ҳукми сабук гирифта, ҳамзамон ба озодӣ баромад.

Қазияи аз ҳама пурсарусадо дар чанд соли охир таҷовузи Руфейда Иноятоваи 7-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ буд. Моҳи июли соли 2021 ин ноболиғ аз ҷониби ҳамсояаш Раҳматулло Гадоеви 30-сола таҷовуз ва ба қатл расонида шуд.

Руфейда Иноятоваи 7-сола моҳи июли соли 2021 аз ҷониби ҳамсояаш Раҳматулло Гадоеви 30-сола таҷовуз ва ба қатл расонида шуд.

Ба гуфтаи мақомот, Раҳматулло Гадоев бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора-пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида-алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.

Нисбат ба ин ҳодиса дар ҷомеа сарусадоҳои зиёд баланд шуд: намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дархост карданд, ки ҷазо нисбати чунин шахсони ҷинояткор сангинтар карда шавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон қотили Руфейдаро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Дигар ҳодисае, ки вокуниши зиёди ҷомеаро дар пай дошт, таҷовуз ба номсуси духтарчаи 3-сола буд. Ин ҳодиса соли 2020 дар шаҳри Душанбе рух дод.

Барои ин амал Юсуф Зиёев, сокини пойтахт гумонбар дониста шуда, алайҳаш ббарои таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ва дар хатар монондан парванда боз шуд.

Ҷузъиёти қазия дастрас нест, он вақт танҳо гуфта мешуд, ки духтарчаи 3-солае, ки таҷовуз шуд, зинда мондааст.

Бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе Юсуф Зиёев абадан зиндонӣ шуд.

Юсуф Зиёев барои таҷовуз ба номуси ноболиғ абадан зиндонӣ шуд
Акс аз Додгоҳи шаҳри Душанбе

Қазияи таҷовуз ба номус ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон кардааст ва баҳси осебпазир будани ноболиғонро ба миён овардааст. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пайвандони ҷабрдидагон аз мақомоти масъул борҳо хостаанд, ки барои кам кардани ҷинояти таҷовуз ба номус, ба вижа барои ноболиғон чораҳои ҷиддӣ андешанд ва ҳатто ба муҳаттаҳамон ҳукмҳои сангин эълон кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.