Пас аз 84 сол, ҷасади Розӣ Сафар (Розисафар) Нозимов, сарбози тоҷик, ки дар ҳайати нерӯҳои Иттиҳоди шуравӣ алайҳи Олмон ҷангида ва дар соли 1941 кушта шудааст, пайдо гардидааст. Ҳамакнун, боқимондаи пайкараи ӯро ба Тоҷикистон оварда, ба хок месупоранд.
Ӯ маллоҳи пиёдагарди артиши Шӯравии собиқ буда, соли 1941 дар шаҳри Севастополи Ҷумҳурии Қрим кушта шудааст. Ҷасади ӯ то кунун бедарак буд.
Дар ин бора дирӯз, 9-уми декабри соли равон Михаил Развожаев, роҳбари вилояти Севастопол дар канали “Telegram-канал”-и худ хабар дода, навиштааст, ки ҷасади сарбози тоҷикистониро баҳори имсол аз хандақҳои деҳаи Айвовоеи ноҳияи Бахчисарой пайдо кардаанд.
“Дар хандақ боқимондаҳои ҷасади ду ҷанговар ёфт шуданд. Аз яке аз онҳо медалони хуб ҳифзшуда пайдо шуд, ки ба шарофати он шахсияти ҳалокшуда дарҳол муайян гардид. Ӯ маллоҳи артиши сурх Розӣ Сафар Нозимов, соли таваллудаш 1917 мебошад, ки аз 7-уми ноябри соли 1941 бедарак будааст”, - навиштааст Развожаев.
Ба гуфтаи манбаъ, хешовандони ин сарбозро дар Тоҷикистон пайдо кардаанд ва пайкараи ӯро дар шаҳри Ваҳдат бародарзодааш (писари бародараш) ба хок месупорад.
Ҷурақул Набиев, раиси ҷамъияти миллӣ ва фарҳангии тоҷикон дар Севастопол дар як навори гусели пайкари ин сарбози тоҷик гуфтааст, ки Розӣ Сафар (Розисафар) Нозимов ба наздиконаш васият кардааст, ки агар дар ҷанг бимирад, ӯро ба Тоҷикистон оварда ба хок супоранд.
Қаблан бародари Нозимов пас аз ҷанг ӯро дар Севастопол ҷустуҷӯ карда, аммо зинда ё мурдаашро наёфта буд.
Ёдовар мешавем, ки ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмон, ки онро Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам меноманд, соли 1941 оғоз шуда, соли 1945 ба поён расид. Дар он, дар қатори халқҳои 15 кишвари собиқ Шӯравӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ширкат карданд ва барои ғалаба саҳм гузоштанд: ҳудуди 300 ҳазор кас аз Тоҷикистон дар ин ҷанг ширкат карда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.
Дар Тоҷикистон занону мардон ва пиронсолон барои таъмини ҷабҳа бо лавозимот, хӯрок ва ашёи хом чанд сари сол заҳмат кашиданд. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии ҷангӣ ва беморхонаҳои ҳарбӣ ба қаламрави Тоҷикистон кӯчонида шуданд.





“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста